Тоҷикистон ва Қирғизистон хатти сарҳади давлатӣ байни ду кишварро пурра маълум кардаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо такя ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иттилоъ дода, навиштааст, ки ба гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии ҳар ду ҷониб дастур дода шудааст, ки корҳо ҳуҷҷатгузориро ба анҷом расонанд.
Вохӯрии Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев, ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии ду кишвар имрӯз, 4-уми декабри соли 2024 дар шаҳри Бодканди вилояти Бодканди Қирғизистон баргузор шудааст.
“Зимни мулоқот роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба мувофиқа расида, тавсифи қитъаҳои боқимондаи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро пурра ба анҷом расониданд", - омадааст дар хабар
Ҳамчунин, ба гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон супориш дода шудааст, ки ба раванди таҳияи ҳуҷҷатҳои ниҳоии делимитатсия шуруъ намоянд.
Дар бораи тавофуқ, аз ҷумла дар бораи он ки хатти марз кадом қаламравҳоро ба кадом кишвар вогузор мекунад, ҷузъиёт дода намешавад.
Дар як наворе, ки Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баъди ба тавофуқ расидани аломатгузории сарҳади ду кишвар суҳбат мекунанд, ин тавофуқро таърихӣ ва фарогир меноманд.
Аз ҷумла, раиси КДАМ Тоҷикистон мегӯяд, "ба зеркомиссияҳои масъалаҳои топографӣ ва ҳуқуқӣ супоришҳои дахлдор дода шуданд, ки ин масъаларо то охир кор карда, ба поён расонанд. Дар давоми кор навбат ба масъалаи созмондиҳии ҳуқуқӣ мерасад ва мо тадриҷан ба созишномаи байнидавлатии таъйини сарҳади давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ноил мешавем.
Дар ҳамин ҳол, Қамчибек Тошиев мегӯяд, "масъалаи сарҳад бо Тоҷикистон ҳал шуд. Минбаъд тасдиқ аз сӯи парлумони ду кишвар ва имзои президентҳои муҳтарами мо анҷом дода мешавад. Баъди чанд моҳ корро дар мавриди сарҳадҳо ба итмом мерасонем. Ба тамоми аъзои комиссия, ки кореро бузург анҷом доданд ва махсусан ба ҷаноби Ятимов изҳори сипос мекунам".
Пурра ба охир расидани аломатгузории марз байни ду кишвар дар ҳолест, ки дар гузашта чанд маротиба мақомдорони баландпояи Қирғизистон борҳо дар бораи дар арафаи анҷомёбӣ қарор доштани аломатгузории марз гуфта буданд. Аз ҷумла, бори охир Қамчибек Тошиев моҳи октябри соли равон гуфта буд, ки "аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар арафаи анҷомёбист".
Ҳамчунин, охири моҳи август Садир Жапаров, раисҷумҳури Қирғизистон бори дигар оид ба “марҳилаи ниҳоӣ”-и баҳси марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон гуфт, аммо санаи мушаххасро зикр накард. Ҳарчанд қаблан гуфта буд, ки то моҳи марти соли 2024 баҳси марзӣ ниҳоӣ мешавад.
Бояд гуфт, тайи қариб як соли охир мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон барои тавофуқ дар бораи марзи давлатӣ музокироти фаъол доранд. Қабл аз ин, ҷонибҳо чандин маротиба дар хоки ҳамдигар сари мизи музокира нишаста буданд. Аммо ҳамеша ҷузъиёти музокирот ошкор намешуд.
Қаблан, охири моҳи июл, дар нишасти матбуотӣ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода хабар дода буд, ки 94% марзи давлатии Қирғизистон ва Тоҷикистон пурра муайян шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дарозии умумии сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 980 километрро ташкил медиҳад. Аз декабри соли 2002 музокираҳо оид ба марзи ду кишвар идома доранд. Аммо ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду кишвар, аз ҷумла бо истифода аз силоҳи оташфишон шуда буд. Дар охирин муноқишаи марзӣ, ки соли 2022 рӯх дод аз таҷҳизоти пуриқтидори ҷангӣ истифода шуд, ки за ҳарду тараф садҳо нафар ҳалок шуданд.
Реальные «Мстители». Как Парвиз Джамалов показывает историю таджикского народа через героев Marvel
Таджикистан призвал защитить ледники на фоне глобальной борьбы с опустыниванием
Вылившийся при крушении танкеров в Керченском проливе мазут вынесло на побережье в Краснодарском крае
«Никаких «смотрящих» и воров в законе». Камчыбек Ташиев заявил о победе над ОПГ в Кыргызстане
Таджикистан увеличил импорт зерна из Казахстана: более 1 млн тонн за 10 месяцев
Дефицит воды и ошибки управления. В Таджикистане становится все больше непригодных для сева земель
В Истаравшане возбуждено уголовное дело по факту доведения до самоубийства молодой женщины
Мирзиёев: В Узбекистане уволили почти 300 чиновников за лень и безответственность
Во многих районах ГБАО впервые за последние годы введен энерголимит
Трамп назвал данное Украине разрешение бить по целям в России «ошибкой». Он готов ее пересмотреть
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста