Қамчибек Ташиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфтааст, ки корҳо оид ба аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар арафаи анҷомёбист.
Ба навиштаи хабаргузории kaktus.media, Ташиев дар ин бора зимни конфронсе дар шаҳри Ботканд изҳори назар кардааст.
“Дар ояндаи наздик, Худо хоҳад, мо ниҳоят масъалаи марзро бо ҳамсояҳо ҳал хоҳем кард. Дигар номуайянӣ нахоҳад буд - ин замини кист ва он чӣ аст. Ҳама чиз дар чаҳорчӯби қонун ҳал мешавад, ки чӣ мешавад ва ин ба мо имкон медиҳад, заминамонро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем. Ин ҳам муваффақияти мо аст”, -гуфтааст ӯ.
Аммо Ташиев санаи мушаххасеро зикр накардааст.
Ҷониби Тоҷикистон дар робита ба ин хабар изҳори назар накардааст.
Бояд гуфт, тайи қариб як соли охир мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон барои тавофуқ дар бораи марзи давлатӣ музокироти фаъол доранд. Қабл аз ин, дар моҳҳои август ва сентябри соли ҷорӣ низ ҷонибҳо чанд маротиба сари мизи музокира нишаста буданд. Аммо ҷузъиёти музокирот ошкор намешавад.
Охири моҳи август Садир Жапаров, раисҷумҳури Қирғизистон бори дигар оид ба “марҳилаи ниҳоӣ”-и баҳси марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон гуфт, аммо санаи мушаххасро зикр накард. Ҳарчанд қаблан гуфта буд, ки то моҳи марти соли 2024 баҳси марзӣ ниҳоӣ мешавад.
Қаблан, охири моҳи июл, дар нишасти матбуотӣ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода хабар дода буд, ки 94% марзи давлатии Қирғизистон ва Тоҷикистон пурра муайян шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дарозии умумии сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 980 километрро ташкил медиҳад. Аз декабри соли 2002 музокираҳо оид ба марзи ду кишвар идома доранд. Аммо ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду кишвар, аз ҷумла бо истифода аз силоҳи оташфишон шудааст.





Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумот зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста