Дар Тоҷикистон хонандагони синфҳои 1-ум 25-уми май ва муҳассилини синфҳои 2-11 аз 1-уми июн ба таътили тобистона мебароянд. Дар ин бора Хуршед Мавлонов, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, яке аз нуктаҳои муҳими раванди таълим имтиҳони аз синф ба синф гузаронидан (аттестатсия)-и хонандагон мебошад.
Муҳлати имтиҳон барои хонандагони синфҳои 4 – 8 ва 10 – и муассисаҳои таълимӣ аз 2 то 10-уми июн муқаррар шудааст.
Хатмкунандагони синфҳои 9 аз 2 то 16-уми июн ва хатмкунандагони синфҳои 11 аз 2 то 20-уми июн имтиҳон месупоранд.
Ба таъкиди манбаъ, дарси донишҷӯён мувофиқи нақшаи таълимии донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳо фарқ мекунад, вале бояд ҳамаи донишҷӯён то 5-уми июл имтиҳоноти худро супорида, пурра ба таътили тобистона бароянд.
“Занги охир” мумкин аст?
Сухангӯи Вазорати маориф ва илм гуфт, ки имсол ҳам мисли солҳои пештар маросими “Занги охир” дар мактабҳои Тоҷикистон баргузор намегардад.
Бояд гуфт, ки қаблан дар Тоҷикистон рӯзи 25-уми май ба таври анъанавӣ поёни соли таҳсил дониста мешуд ва то соли 2009 хатмкунандаҳо онро бо баргузор кардани “Занги охир” ё “Занги камолот” таҷлил менамуданд.
Пас аз манъи таҷлили “Занги охир”, 24-уми майи соли 2016 Вазорати маориф ва илм тасмим гирифт, ки ҳама гуна ҷашнҳои марбут ба оғозу анҷоми соли хониш дар мактабҳо манъ карда шавад.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2025
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста