Дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ, ки ҳамасола рӯзи 7-уми апрел таҷлил мешавад, сокинони кишвар имкон доранд, дар ҳама беморхонаҳо ройгон аз ташхиси тиббӣ гузаранд.
Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар дода навиштааст, ки пагоҳ, 5-уми апрел аз соати 8:00 то 12:00 дар ҳамаи муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, марказҳои саломатӣ, беморхонаҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ташхису машваратҳои ройгон барои шаҳрвандон пешбинӣ шудааст.
Ба таъкиди вазорат, дар ин маърака ташхису табобати гаронарзиш истисно буда, маблағи он пардохт мешавад. Вале гуфта нашудааст, ки "ташхису табобати гаронарзиш" кадомҳоянд.
“Чорабинии расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ рӯзи 5-уми апрели соли равон дар «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки роҳбарияти вазорат, устодону профессорон ва мутахассони баландпояи соҳавӣ баргузор мегардад”, - гуфтааст ин ниҳод.
Вазорат аз шаҳрвандон даъват кардааст, аз имконият ва шароити мусоид истифода бурда, вазъи саломатии хешро беҳтар намоянд.
Шикоят аз гарон будани нарх дар ташхисгоҳҳо ва хадамоти тиббӣ дар Тоҷикистон кам нест. Ин маърака солҳои пеш ҳам гузаронида мешуд ва онҳое, ки тавони пардохтро надоранд, дар рӯзи ҷаҳонии тандуруст ба беморхонаҳо мешитофтанд.
Сокинон мегӯянд, чунин маъракаҳо бояд бештар баргузор шавад, зеро аксари мардуми ниёзманд имкони пардохти ташхисҳои тибии гаронарзишро надоранд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2025
“Сарбозшикор”. Чӣ бояд кард, агар “облава” шудед?
Роҳе, ки се моҳ пеш аз “киса”-и муҳоҷирону сокинон сохта шуд, қисман хароб гардидааст
Боздошти як мард бо гумони латукӯби ҳамсари додараш, ки ба марг оварда расонид
БОР дар ду соли наздик рушди устувори иқтисоди Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад
Чаро нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон доимо боло меравад?
Дар “Dushanbe Grand Slam-2025” 36 ҷудокори тоҷик ширкат мекунанд. Онҳо киҳоянд?
“Парасту-2025”: Кай ва дар куҷо кадом намоишнома ба саҳна гузошта мешавад?
Шиносоии сарвазири Тоҷикистон аз сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Хатлон
Дар пайи фаромадани тарма дар Рӯшон роҳи Душанбе-Хоруғ муваққатан баста аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста