Дар арафаи ҷашни Наврӯз аз 1 то 21 марти соли равон барои шаҳрвандони Тоҷикистон имкони ташхиси ройгони як қатор бемориҳо фароҳам шудааст.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, дар ин муддат Озмоишгоҳи миллии референсӣ тамоми шаҳрвандони мамлакатро ба ташхиси ройгон барои муайян кардани диабети қанд, хун барои уфунат ва гепатити Б фаро хоҳад гирифт.

Гуфта мешавад, ки хоҳишмандон метавонанд наҳорӣ накарда, аз соати 8-и субҳ то то 11-и рӯз ба озмоишгоҳи мазкур муроҷиат намоянд. Суроға: шаҳри Душанбе, шаҳраки Шифобахш (Қарияи боло).

Озмоишгоҳи мазкур ҳамчунин бахшида ба Рӯзи модар аз 1 то 8 марти соли равон ба занону духтарон ташхиси се намуд кандидоз - албиканс, глабрата, круз, хун барои уфунат ва гепатити Б-ро ба таври ройгон ба роҳ монда буд. Дар доираи ин иқдом ба 289 нафар занони муроҷиаткарда ташхисҳои мазкур ба таври ройгон расонида шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.