Акбари Саттор, журналисти хушноми тоҷик ва раиси пешини Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, агар умр вафо мекард, имрӯз 60-сола мешуд. Ӯ 10-уми феврали соли 1965 дар шаҳри  Ҳисор ба дунё омада, дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Ленинград таҳсил карда буд.

Фаъолияти касбии Акбари Саттор (Акбаралӣ Сатторов) аз рӯзномаи "Тоҷикистони советӣ" оғоз ва баъдан дар рӯзномаи "Садои мардум" идома ёфт. Соли 1994, вақте ки кишвар дар оташи ҷанги шаҳрвандӣ месӯхт ва кам касон дар андешаи рӯзнома, рӯзноманигору рӯзноманигорӣ буданд, Акбари Саттор ҶДММ “Чархи гардун”-ро таъсис дод, ки чанд нашрияи гуногунро нашр мекард.

Метавон гуфт, бо таъсиси рӯзнома Акбари Саттор ба шараёни рӯзноманигории тоҷик хуни тозае рехт. Мардум дубора ба матбуот рӯ оварданд. Баъди он расонаҳои дигар низ пайдо шуданд ва фазои рӯзноманигории тоҷик ташаккул ёфт. Акбари Саттор дар меҳвари он қарор дошт ва бо гузашти як муддат ба таври арзанда раиси Иттифоқи журналистон низ интихоб гардид.

Ӯ қариб 10 сол, солҳои 2006-2015-то поёни умр, раиси ин иттиҳодия буд ва дар ин давра барои ҳимояи ҳуқуқи рӯзноманигорон ва рушди матбуоти озод талошҳои зиёд кард. То андозае тавонист ва муваффақ ҳам шавад. Замоне ки ӯ раиси Иттифоқи рӯзноманигорон буд, фазои рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон ба маротиб озоду солим буд ва кишвар ҳам дар радабандиҳои ҷаҳонӣ оид ба озодии сухан мавқеи шоиста дошт. Дар ин давра баҳсҳои зиёди додгоҳӣ бо рӯзноманигорон буд, вале аксари онҳо ба нафъи расонаҳову рӯзноманигорон анҷом меёфт ва қариб ҳеҷ рӯзноманигоре паси панҷара нарафта буд.

Ин буд, ки Акбари Сатторро ҳамкасбон бо ҳуруфи калон РАИС ё ВАЗИР-и рӯзноманигорон ҳам мегуфтанд.

Ӯ 28-уми августи соли 2015 дар 51-солагӣ даргузашт, аммо ёду корномаи ӯ дар журналистикаи тоҷик то имрӯз зинда аст.

Ба ифтихори мавлудаш мо кӯшидем, ки Акбари Сатторро дар симои падар, бародар, фарзанд, дӯст ва ҳомии рӯзноманигорон тасвир намоем.

Акбари Саттор
Акс аз бойгонии А.Саттор

 

Акбари Саттор ҳамчун падар

Манижабонуи Акбаралӣ, духтари Акбари Саттор мегӯяд, ки падараш нисбати фарзандон меёъри демократияро риоят мекард ва дар ҳама ҳолат дастгири фарзандон буд: “Падари меҳрубон, дӯсти беҳтарин, шахсе буданд, ки дар ҳама ҳолат дар барамон буданд”.

Ба қавли ӯ, Акбари Саттор дар тарбияи фарзандон усули хоси худро дошт. Агар маҳдудияте мегузошт, ҳатман онро бо далелу мантиқ асоснок мекард. Нисбат ба писарон сахтгиртар буд, вале ба ягона духтараш шафқати бештар дошт. Манижабону мегӯяд, ки маҳз ҳамин равиши тарбия дар ташаккули шахсияти онҳо нақши муҳим бозид.

Ҳарчанд Акбари Саттор дар ҷомеа мавқеи баланд дошт ва бисёр кор мекард, аммо барои фарзандон ҳамеша вақт меёфт. Манижабону мегӯяд: “Падар як инсони муваффақ дар ҷомеа буд, бинобар ин, вай хеле кор мекард ва вақти бо ӯ гузаронидашуда барои мо хеле арзишманд буд”.

Яке аз хусусиятҳои ҷолиби Акбари Саттор ҳамчун падар ин буда, ки фарзандон метавонистанд бо ӯ дар ҳар мавзӯъ озодона суҳбат кунанд. Ӯ ба ҳама саволҳои онҳо посух медод ва роҳнамоии дуруст мекардааст. Манижабону ҳанӯз ҳам маслиҳатҳои касбии падарашро дар ёд дорад ва мегӯяд, “пеш аз қабули ҳар қарор фикр мекунам, ки падарам дар чунин ҳолат чӣ кор мекард”.

Манижабону бо ифтихор мегӯяд, ки падараш ӯро аз кӯдакӣ мустақил ва шуҷоъ тарбия кард ва ҳамвора мегуфт, ки “ту барои парвоз ба дунё омадӣ”. Ӯ кунун мегӯяд, ки дар ҳар қадами зиндагӣ, хусусан дар лаҳзаҳои муҳим, падарашро дар хоб мебинад ва дар рӯёҳои худ аз ӯ маслиҳату машварат мепурсад.

Духтари Акбари Саттор муддате касби падарро идома дода, дар ТВ “Тоҷикистон” фаъолият кард ва дар ин муддат дарк намуд, ки “журналистика пеш аз ҳама як намуди эҷодкорӣ аст ва ба падарам муяссар шуд, ки эҷодкориро бо тиҷорат якҷо кунад”.

“Ман журналистон, журналистика, китобҳои марбут ба расонаҳо ва ҳама чизҳое, ки бо ин соҳа алоқаманд аст, пайгирӣ мекунам, мехонам, мебинам, дӯст медорам. Ҳоло ман бештар дар тиҷорат машғулам ва мепиндорам, ки замоне ҳатман роҳеро, ки падарам тай кард, давом медиҳам”, - мегӯяд Манижабону.
Акбари Саттор бо духтараш Манижабонуи Акбаралӣ
Акс аз бойгонии Манижабонуи Акбаралӣ

 

Акбари Саттор ҳамчун бародар

Сафаралӣ Сатторов, додари Акбари Саттор, мегӯяд, ки хотираҳои мондагори зиндаиаш бо бародараш иртибот мегирад: “Овони кӯдакӣ ва ҷавонии ман бо акаи Акбарам гузашт ва ҳар гоҳе аз ин ду қисмати рӯзгорам ёд орам, беихтиёр аз бародарам ёд мекунам”.

Ӯ мегӯяд, ки “аз Акбаралӣ 15 сол хурд будам, вале дар кӯдакӣ бисёр бо ман бозӣ мекард, вақте ба таҳсил рафт, ман бисёр зиқ шудам”.

“Даврони тиллоии зиндагиям, яъне давраи донишҷӯиям бо бародарам гузашт, ӯ дар раванди таҳсилам бисёр ёрӣ расонд, ҳамаи сарфу харҷам ҳам ба гардани Акбаралӣ буд. Ман аз бародарам бисёр маблағ талаб мекардам, ҳамеша пул медод ва таъкид мекард, ки беҳуда харҷ накунам. Акбаралӣ на танҳо бародар, балки барои ман устод ва роҳнамо буд”, - ёд меорад Сафаралӣ Сатторов.

Сафаралӣ Сатторов мегӯяд, ки барои ба зиндагии мустақилона омода шуданаш саҳми Акбари Саттор бориз аст ва вақте донишгоҳро хатм кард, бародараш дар “Чархи гардун” ба кор пазируфт.

Ӯ иброз медорад, “агарчи ман додари директори кулли гуруҳи расонаҳои “Чархи гардун” будам, вале аз дигар кормандон фарқ надоштам. Ҳамаро бо як чашм медид, маошам ҳам аз дигар кормандон фарқ намекард, агар хатое мекардам, ҳатман бародарам гӯшамро мекашид”.

Сафаралӣ Сатторов
Акс аз фейсбуки С. Сатторов

 

Нури чашми модар

Ба гуфтаи Сафаралӣ Сатторов, даргузашти Акбари Саттор барои оилааш ногаҳонӣ ва бисёр ҷигарсӯз буд, зеро ҳеҷ кас интизори чунин фоҷиаро надошт: “Модарам 8 сол дар фироқи Акбараш гиря кард, то ҳадде ки қариб аз биноӣ маҳрум шуда буд”.

“Ҳар сол дар рӯзи зодрӯзу маргаш дарди модарам дучанд зиёд мешуд. Дигар хатро хонда наметавонист, вале ҳама рӯзномаҳоеро, дар бораи бародарам чизе навишта буданд, ҷамъ мекард, ба акси дар рӯзномаҳо чопшудаи Акбараш нигоҳ карда, гиря мекард. Ин рӯзномаҳоро ба набераҳояш медод, ки хонанд, то ки фаҳмад дар бораи писараш чӣ гуфтаанд. Ифтихор мекард, ки Акбар рӯзноманигори номвар буду ӯро ба некӣ ёд мекунанд”, - нақл кард Сафаралӣ Сатторов.

Раъно Сатторова, модари Акбари Саттор, соли 2023 аз олам чашм баст.

Раъно Сатторова, модари Акбари Саттор
Акс аз бойгонии А.Саттор

 

Акбари Саттор ҳамчун дӯст

Хуршед Атовулло, рӯзноманигори шинохта ва раҳбари Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон (МТЖТ) мегӯяд, ки қариб 20 сол бо Акбари Саттор шиносоӣ дошт ва яке аз дӯстони қарини ҳамдигар ҳам гардида буданд, вале эътироф мекунад, ки “мо ӯро нашинохтему надонистему танҳояш гузоштем”.

Дӯстии ин ду рӯзноманигор аз соли 1997 оғоз ёфта, нахуст дар фазои кории нашрияи “Чархи гардун” шакл гирифт ва аз соли 2011, замоне ки ҳамсоя шуданд, ҳамдигарро беҳтар шинохтанд: “Дар ин солҳои тӯлонии дӯстӣ Акбари Сатторро ҳамчун инсони комил, дӯсти қадрдон ва шахсияти баландмақом шинохтам. Ӯ на танҳо дар касби худ, балки дар муносибатҳои инсонӣ низ намунаи ибрат буд”.

Хуршед Атовулло аз хоксории Акбари Саттор нақл мекунад, ки боре дар нишасти Рӯзи озодии баён (3-юми май), вақте чанд нафар рӯзноманигори ҷавон алайҳи Акбари Саттор баромад карданд ва хостори истеъфо доданаш шуданд, ӯ танҳо табассум карду посухе нагуфт. Рӯзи дигар, вақте як намояндаи мақомоти қудратӣ пешниҳоди ҳабси яке аз ҳамин мунтақидонро кард, Акбар бо ҳамон “табассуми ба худаш хос” гуфт: “Аввал маро ҳабс кунед, баъд ӯро!”.

Хуршед Атовулло ва Акбари Саттор
Акс аз бойгонии А.Саттор

Ба қавли Хуршед Атовулло, ҳатто ҳазлу шӯхиҳои Акбари Саттор ҳам маънои амиқ доштанд: Акбари Саттор аз рӯзноманигорон мехост, дар рӯзи чоршанбе намуранд, ки “рӯзи газета аст, ҳама журналистон банд ҳастанд ва ба ҷаноза ҳам намераванд”. Ӯ инчунин дар нишастҳо гоҳо нимшӯхию нимҷиддӣ мегуфт: “азбаски нашрияҳои мо ҳафтае як бор ба табъ мерасанд, ҷомеа “ҳафтафаҳм” шудаанд”.

Хуршед Атовулло ба саховатмандии Акбари Саттор ҳам таъкид мекунад, ки “дасташ ба қавле ба ҳама расидааст”.

“Ба касе хона харида додааст, ба касе дар хонагирӣ кӯмак кардааст, ба касе ёрии молӣ намудааст. Боре надидаам, ки дар ягон нишасте агар ӯ бошад, шахси дигар ҳатто нияти ҳамён кушодану пардохти маблағи зиёфатро карда бошад”, - мегӯяд Хуршед Атовулло.

Раҳбари МТЖТ мегӯяд, “рӯзе матбуоти тоҷик барои Акбари Саттор ҳайкал хоҳад монд, зеро замоне ки силоҳи “Калашников” ҳоким буд, тавонист ҷомеаро дубора водор кунад, то рӯзнома хонад, ҳомии рӯзноманигорон шуд ва дар рӯзҳои баду нек ҳамеша дар канори ҳамкасбонаш буд”.

 

“Акбар журналистикаро бо худ бурд”

Тасодуф аст ё не, баъди марги Акбари Саттор вазъи озодии баён ва мавқеи рӯзноманигорон дар Тоҷикистон якбора бад шуд ва давоми 10 соле, ки Аксбари Саттор ин дунёро тарк гуфт, қариб 10 рӯзноманигори тоҷик зиндонӣ гаштаанд.

Аксари ҳампешагону дӯстон ва шиносони Акбари Саттор ба ин назаранд, ки ӯ воқеан шахси хоксор, дурандеш, самимӣ ва ғамхори журналистони тоҷик буд. Онҳо мегӯянд, Акбари Саттор ягона раиси Иттифоқи журналистон буд, ки “нахӯрд”, балки “хӯронд”.

Дар замони раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон будани Акбари Саттор, рӯзноманигорони тоҷик сарҷамътар буданд ва ӯ шахсан барои ҳалли мушкилоти онҳо расидагӣ мекард. Баъди маргаш фаъолияти Иттифоқи журналистон низ камранг шуд ва ҳоло худи рӯзноманигорон аз кори роҳбарият ва аъзои Иттифоқи журналистон интиқод мекунанд.

Акбари Саттор ҳамроҳи журналистони тоҷик дар назди бинои Шарқи Озод
Акс аз бойгонии А.Саттор

Кор ба ҷойе расидааст, ки ҳоло баъди ба таври мармуз зиндонӣ шудани рӯзноманигорон ҳам, роҳбарияти Иттифоқи рӯзноманигорон садое аз худ намебарорад.

Ба қавли Хуршед Атовулло “пас аз Акбари Саттор журналистикаи тоҷик фалаҷ шуд ва дар як соли охир ба таври мармуз журналистика мурд. Акбар журналистикаро бо худ бурд”.

Аксари журналистон ба ин назаранд, ки агар Акбари Саттор зинда мебуд, шояд вазъ ба ин ҳад намерасид ва ба рӯзноманигорон ин қадар ҷабр намешуд. Журналистони шинохати тоҷик дар бораи таъсири Акбари Саттор дар журналистикаи тоҷик ду соли пеш ин нукотро зикр карда буданд. Муфассал дар маводи “Журналистикаро бо худ бурд”. Рӯзноманигорон мегӯянд, ки Акбари Саттор намегузошт, журналистика беқадр шавад” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.