Имрӯз, 10-уми феврал дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоиш ва фурӯши китобҳо баргузор шуд. Дар намоишгоҳ ноширони зертобеи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 340 номгӯ китобҳои илмӣ, адабӣ, таърихӣ ва сиёсиро пешниҳоди хонандагон карданд.
Теъдоди китобҳое, ки дар ин рӯз ба намоиш гузошта шудаанд, беш аз 9 ҳазор ададро ташкил медиҳад.
Чорабинии намоиш-фурӯши китобҳо соати 10:00 оғоз гардид ва то соати 16:00 идома хоҳад кард.
Дар намоишгоҳ 4 нашриёт ва 1 корхонаи таъминот ва савдои китоб ба теъдоди зерин китобҳои худро ба фурӯш гузоштанд:
Нашриёти “Адиб” – 100 номгӯ ба теъдоди 7 ҳазор адад;
Нашриёти “Ирфон” – 53 номгӯ ба теъдоди 2 ҳазор адад;
Сарредаксияи илмии “Энсиклопедияи тоҷик” – 44 номгӯ ба теъдоди 440 адад;
Нашриёти “Маориф” – 30 номгӯ ба теъдоди 150 адад;
Корхонаи таъминот ва савдои китоб – 114 номгӯ ба теъдоди 1591 адад.
Арзиши китобҳо аз 15 сомонӣ то беш аз 200 сомониро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи масъулини нашриёт, аксари китобҳо бо 10-15% тахфиф ба савдо гузошта шудаанд.
Масалан, се ҷилди "Маснавии маънавӣ" ба арзиши 120 сомонӣ, "Гулчини ғазалиёт"-и Мавлоно ба се забон ба арзиши 150 сомонӣ, "Алвидоъ Гулсарӣ"-и Чингиз Айтматов 70 сомонӣ ва китобҳои хурдҳаҷми кӯдакона бо арзиши 15-сомонӣ фурӯхта мешуданд.
Толори Театр аз хонандагону бинандагон пур буд ва ба гуфтаи ноширон, харидорон зиёданд ва аллакай навбати дуввуму севум китоб оварда истодаанд.
Яке аз харидорон гуфт, “китоб харидани мардумро дидан, хеле хушҳолкунанда аст”.
Харидори дигаре, ки ба теъдоди зиёд аз китоби “Ҷомеъ-ул-ҳикоёт” харидорӣ мекард, гуфт, “ин китобҳоро ба масҷид мебарад.” Гурӯҳе барои набераву фарзандонашон китобҳои бачагона харидорӣ мекарданд.
Бояд гуфт, дар Тоҷикистон аксаран аввали моҳи сентябр дар иди китоб ва моҳи апрел дар ҳафтаи китоби наврасону кӯдакон намоиш ва фурӯши китобҳо доир мегарданд.
Охирин навбат, моҳи октябри соли 2024 дар Душанбе намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” доир гардид, ки беш аз 40 ношир аз 7 кишвар бо теъдоди 5 ҳазор китоб дар он иштирок варзида буданд.




Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло рафта, лекин дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста