Айни ҳол сохтмони се таваққуфгоҳи мошинҳо дар шаҳри Душанбе - дар назди бозори "Корвон", дар кӯчаҳои Айнӣ ва Бохтар идома дорад ва маълум нест, ки онҳо кай пурра сохта ба истифода дода мешаванд. Ин нуктаро Самӣ Азиз, сармеъмори шаҳри Душанбе имрӯз зимни нишасти хабарии шаҳрдории пойтахт зикр кард.
Ба гуфтаи ӯ, таваққуфгоҳи кӯчаи Айнӣ дар назди беморхона “Ёрии таъҷилӣ” ва таваққуфгоҳи кӯчаи Бохтар дар паси бинои ҳукумати шаҳр сохта мешаванд. Ин сохтмонҳо кай ба анҷом мерасанд, сармеъмор, дақиқ чизе нагуфт.
“Сохтмон дар дигар нуқтаҳо низ дар назар аст. Дар ҳолати муроҷиати соҳибкорон ҷояшро нишон медиҳем, корбарӣ мекунанд” - гуфт Самӣ Азиз.
Сармеъмор мушаххас нагуфт, ки сохтмони таваққуфгоҳҳо пурра аз ҳисоби соҳибкорон сохта мешавад ё қисми маблағро ҳукумати шаҳр медиҳад.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345605/photo_2025-02-10_14-16-06.jpg)
Бояд гуфт, дар бораи сохтмони ин се таваққуфгоҳ тобистони соли гузашта низ дар шаҳдорӣ гуфта буданд. Он вақт низ дар шаҳрдорӣ муҳлати анҷоми сохтмонро нагуфта буданд ва инак, бо гузашти ним сол ин маълумот ҳамоно “махфӣ аст”.
Ҳамчунин, он замон гуфта буданд, дар оянда тасмими бунёди чанд таваққуфгоҳи калонро доранд.
Қаблан, соли 2020 Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд” эълон карда буд, ки тибқи нақшаи генералӣ дар маркази шаҳр ва назди марказҳои савдо таваққуфгоҳҳои бисёрошёна бунёд карда мешавад.
Аммо то имрӯз чунин лоиҳаҳо дар марҳилаи тарҳрезӣ боқӣ мондаанд, ба истиснои бозори “Корвон”, ки дар он ҷо соли 2021 таваққуфгоҳи 6-ошёна бо 448 ҷой сохта ба истифода дода шуд.
Мушкили нарасидани таваққуфгоҳҳо дар шаҳр торафт мубрам мегардад. Набудани таваққуфгоҳи мошинҳо дар биноҳои маъмурӣ, марказҳои савдо ва маҳаллаҳои истиқоматӣ боиси тамбашавии мошинҳо гашта, ҳаракат дар роҳро мушкил мегардонад. Дар шаҳр бештар таваққуфгоҳҳои бисёрошёна намерасанд.
Бояд гуфт, ки дар зери аксари биноҳои нав таваққуфгоҳҳо мавҷуданд, аммо онҳо холӣ ҳастанд, зеро арзиши як таваққуфгоҳ аз 10000 то 15000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки хеле гарон ва барои аксари сокинон дастнорас аст.
Падари демократ, бародари ғамхор, дӯсти сахӣ ва ҳомии рӯзноманигорон. Панҷ симои Акбари Саттор, ки имрӯз 60-сола шуд
Ҷарима, сохтмони худсарона, заминҳои бесоҳиб ва мушкилоти пахтакорӣ. Натиҷаҳои сол дар Кумитаи замин
Коҳиши никоҳу талоқ, афзоиши хушунат ва издивоҷи бармаҳал. Дар нишасти Кумитаи кор бо занон чӣ гуфтанд?
“Толибон” бори дигар баргардонидани чархболҳои артиши собиқи Афғонистонро талаб карданд
Аз 15 то 200 сомонӣ. Дар намоиш-фурӯши китоб дар Душанбе 9 ҳазор китоб пешниҳоди харидорон гардид
Манъи содироти бензин аз Русия давом мекунад. Ин ба Тоҷикистон таъсир мерасонад?
Ҳосили рекордӣ роҳи ҳал нест… Истеҳсол зиёд мешавад, аммо чаро Тоҷикистон аз маҳсулоти воридотӣ вобаста аст?
Фармони зиёд шудани музди меҳнат, нафақа ва идрорпулиҳо имзо шуд
Ҷавоне, ки ба муфтии Тоҷикистон ҳамла кард, ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст
“Озодӣ“, “1 май”... то “Дӯстӣ”. Майдони асосии Душанбе чӣ гуна тағйир ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста