Бунёди биноҳои баландошёна дар маркази пойтахт агар шаҳрро зебову муосир ҷилва диҳад ҳам, мушкили дигареро пеш овардааст: кӯчаҳои танг ва назди биноҳои баландошёна пур аз мошин шудааст ва ин ҳаракати мошинҳои хидматрасон, аз ҷумла мошини ёрии таъҷиливу партовкашонро мушкил кардааст. Дар ҳоле ки дар таҳхонаи аксари ин биноҳои навсохти баландошёна таваққуфгоҳ сохта шудааст ва дар бештар ҳолат он холӣ аст.
Сокинон мегӯянд, нархи таваққуфгоҳ дар таҳхонаи биноҳо гарон аст. Бинокорон баландии нархро ба гаронии масолеҳи сохтмон рабт медиҳанд.
Масъулин барои ҳалли ин мушкил чӣ нақша доранд?
“Нархи таваққуфгоҳҳо гарон аст”
Салим (ном бо хоҳиши ҳамсуҳбатамон иваз шудааст, - аз идора), як сокини кӯчаи Пулодии ноҳияи Шоҳмансур аст. Анҷоми кор барои ӯ оғози ташвиши дигар аст. Ӯ ҳар бегоҳ вақти зиёди худро барои пайдо кардани таваққуфгоҳ барои мошинаш сарф мекунад.
“Дар ҷои бинои имрӯза хонаи заминӣ доштем ва дар назди ҳавлӣ се мошин меғунҷид. Бар ивази ҳавлиамон дар ин бино хона гирифтем, вале масъалаи таваққуфгоҳ муаллақ монд. Дар аввал гуфтанд, бо супоридани пули андак дар зери бино ҷой мегиред, вале вақте таваққуфгоҳ бунёд шуд, маълум гардид, ки нархаш гарон аст. Аз ҳамин сабаб, барои мошинамон дар таваққуфгоҳ ҷой нагирифтем”, - мегӯяд Салим.
Ӯ мегӯяд, аз онҳо барои харидории ҷой дар таваққуфгоҳ 14-15 ҳазор доллар талаб кардаанд.
Баҳром, сокини дигари ноҳияи Синои пойтахт мегӯяд, чанд сол пеш бо кумаки хешвандон хона харид, вале барои хариди таваққуфгоҳ маблағ надорад.
“Мехостам ҷои таваққуф барои мошини худ дошта бошам. Аммо арзиши таваққуфгоҳ аз арзиши мошини ман як баробар зиёд аст ва имкони хариди онро надорам”, - афзуд ӯ.
Мушкилоти гаронии таваққуфгоҳҳо
Як санҷиш нишон дод, ки аксари биноҳои баландошёнаи навсохт дар Душанбе дар таҳхона таваққуфгоҳ доранд. Аммо бештари онҳо холианд. Дар ҳоле, ки гирду атрофи биноҳои нав то қатори якум ва ҳатто дар баъзе ҷой то қатори дуюми роҳҳои назди ин биноҳо пур аз мошин аст. Ин ҳолат натанҳо рафтуомади сокинонро душвор мекунад, балки боиси тамбашавӣ дар пойтахт низ мегардад.
Шамсулло Фозилов, сокини дигари пойтахт ҳам бо ишора ба гаронии таваққуфгоҳҳо, зикр кард, ки маҳз ин омил боиси дар қади роҳ гузоштани мошинҳо аз ҷониби сокинон мегардад.
“Гоҳе мешавад, ки мошини ёрии таъҷилӣ меояд, вале дар гирду атрофи бино, ки мошини зиёд аст, наметавонад ба бино наздик шавад”, - гуфт Шамсулло Фозилов.
Бар замми ин, ӯ таъкид мекунад, ки баъзе аз ронандагон низ фарҳанги таваққуфро намедонанд ва мошинҳои худро бетартиб мегузоранд, ки боиси эҷоди мушкил дар ҳаракати мошинҳои хадамотрасон, масалан мошини партовкашон мегардад.
Моддаи 346-и Кодекси ҳуқувайронкунии Тоҷикистон барои таваққуф ва монеъ эҷод кардан ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон, инчунин беназорат гузоштани мошин аз 72 то 144 сомонӣ (аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ҷарима муайян кардааст.
“Санҷиш зиёд аст”
Чанд манбаъ аз ширкатҳои хонафурӯшии пойтахт ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, ки нархи таваққуфгоҳи зеризаминӣ барои як мошин аз 8 то 15 ҳазор доллари ИМА аст.
Як таваққуфгоҳ маълуман 18 метри мураббаъ аст. Як метри мураббаъ таваққуфгоҳ аз 440 то 830 доллари ИМА фурӯхта мешавад.
Дар ширкатҳои хонафурӯшӣ гаронии таваққуфгоҳро ба баланд будани нархи маҳсулоти сохтмонӣ ва тафтиши зиёди сохторҳои гуногун рабт медиҳанд.
Корманди як ширкати сохтмонӣ дар сӯҳбати бидуни сабт ба “Азия-Плюс” гуфт: “Аз як тараф нархи маҳсулот гарон бошад, аз тарафи дигар андоз хеле зиёдаст. Дар баробари ин, то сохтани хонаҳо сохтору ниҳодҳои гуногун ба тафтиш меоянд. Ҳар кадоми онҳо баҳонаҳои худро пеш меоранд ва маҷбурем ба ҳамаашон пул диҳем. Барои ҳамин мо имкони арзонтар карани қимати таваққуфгоҳҳо барои сокинонро надорем”.
Ӯ мегӯяд, агар андоз кам ва тафтиши сохторҳои гуногун набошад, метавонанд таваққуфгоҳҳоро ҳам арзон фурӯшанд ва ҳам даромади хуб гиранд.
Аммо касе аз онҳо намехоҳад ошкор дар ин бора суҳбат кунад.
“Таваққуфгоҳ арзон ё ройгон бошад”
Мавзуна Абдуллоева, сокини дигари пойтахт, ки дар бинои навсохти баландошёна зиндагӣ мекунад, роҳи ҳалли мушкили пур аз нақлиёт шудани назди биноҳо ва тамбашавӣ дар кӯчаҳои Душанберо дар арзон ё умуман ройгон кардани таваққуфгоҳҳо мебинад.
“Таваққуфгоҳҳои зери биноро барои истиқоматкунандагони бино ройгон кунанд ё аққалан маблағи камтар талаб кунанд. Танҳо дар ин сурат, мошинҳо аз роҳҳои назди биноҳо ва кӯчаҳои атроф ба таваққуфгоҳҳо мераванд”, - гуфт Абдуллоева.
Роҳи дигари ҳалли мушкилро Баҳром пешниҳод мекунад. Ӯ мегӯяд, сохтмончиён таваққуфгоҳҳоро тариқи иҷора: рӯзона, моҳона, семоҳа ё солона ба сокинони бино пешниҳод кунанд, нарх дастрас хоҳад буд.
“Аксарият иҷораи ҳармоҳаро метавонанд пардохт кунанд ва ин ду мушкилро якбора ҳал мекунад: сокинон дигар шомгоҳон вақти зиёдеро барои ҷустуҷӯи ҷои таваққуф сарф намекунанд ва сохтмончиён аз иҷора даромади хуб мегиранд”, - баён дошт Баҳром.
“Барои ҳар як хона як таваққуфгоҳ бояд созанд””
Кумитаи меъморӣ ва сохтмон мегӯянд, тибқи меъёри шаҳрсозӣ дар баландошёнаҳои нав барои ҳар як хона бояд дар таваққуфгоҳ ҷой ҷудо шавад. Яъне, агар дар як бино 100 хона бошад, пас мувофиқи меъёр, бояд 100 таваққуф барои мошин бунёд гардад.
“Аммо ин меъёрҳо бештар дар шаҳрҳои нав ба инобат гирифта мешаванд. Дар Душанбе, ки дубора бозсозӣ мешавад, ин меъёрро намешавад ҷорӣ кард. Ҳарчанд, ба қадри имкон меъёрро риоя мекунем. Агар дар оянда мо шаҳри нав сохтем, ҳамаи ин талаботро ба инобат мегирем”, - гуфтанд аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмон.
Роҳи ҳал чист?
Коршинос ҳам гаронии таваққуфгоҳҳои зеризаминии биноҳои нави Душанберо ба хароҷоти зиёди сохтмони онҳо рабт медиҳад. Ӯ мегӯяд, гаронии нарх боис мешавад, ки харидорон, бахусус дар берун аз минтақаҳои марказии шаҳр, ба таваққуфгоҳ таваҷҷуҳ намекунанд. Аммо, ба гуфтаи ӯ, дар марказ фурӯхтани онҳо каме осонтар аст.
“Барои ҷуброни хароҷоти сохтмон, сохтмончиён нархи таваққуфгоҳҳои зеризаминиро ба арзиши умумии манзил ҳамроҳ мекунанд ва дар натиҷа, нархи манзил барои ҳамаи харидорон гаронтар мешавад”, - баён дошт коршинос.
Ӯ бар ин назар аст, ки сохтмончиён бояд ин кори худро бознигарӣ кунанд. Зеро хароҷоти сохтмони таваққуфгоҳҳо аллакай аз ҳисоби фурӯши хонаҳо ҷуброн мешавад ва мантиқан бояд соҳибкорон нархи онҳоро поён баранд.
“Ин кор на танҳо ба фурӯши таваққуфгоҳҳо мусоидат мекунад, балки ба ҳалли яке аз мушкилоти ҷиддии шаҳр: норасоии таваққуфгоҳ ва тамбашавии роҳҳо низ кумак мекунад”, - мегӯяд коршинос.
Мо хостем аз шаҳрдории Душанбе пурсем, ки дар робита ба ҳалли ин мушкил чӣ чораҳое андешидаанд. Аммо талошҳои батакрори мо барои посух ёфтан ба ин савол аз шаҳрдорӣ бесамар буд. Сухангӯи ин ниҳод муфассал нагуфт, ки дар ин самт иҷрои кадом корҳо дар назар аст ва танҳо кӯтоҳ иброз дошт, ки ин “пурра дар ихтиёри соҳибкорон аст”.
Барои тафсилот ӯ рақамҳои муовини сармеъмори пойтахтро дод. Муовини сармеъмори пойтахт ваъда дод, ки баъди мувофиқа бо роҳбар ба мо занг мезанад, аммо дигар занг назад. Талоши баъдии мо барои суҳбат бо ӯ бенатиҷа буд.
Ҳамин тавр, номаълум монд, ки мақомот барои ҳалли мушкили норасоии таваққуфгоҳ дар пойтахт, тамбашавии нақлиёт бинобар истифода накардан аз таваққуфгоҳҳои зери биноҳои баландошёна ва танзими нархи таваққуфгоҳ чӣ нақша доранд.
“Ялдо таваллуди офтоб аст”. Гузориш аз ҷашни Ялдо дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 декабри соли 2024
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
“Сомон Эйр” парвозҳоро ба фурудгоҳи “Внуково” муваққатан қатъ кардааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста