Дар Душанбе сохтмони се таваққуфгоҳи мошинҳо идома дорад. Дар ин бора рӯзи 26 июл дар нишасти матбуотии шаҳрдории Душанбе хабар доданд.

“Дар ҳоли ҳозир дар маҳаллаи бозори “Корвон” (ноҳияи Фирдавсӣ) таваққуфгоҳ барои 1000 мошин сохта шуда истодааст”, - гуфтанд дар шаҳрдорӣ.

Дар нишаст зикр гардид, ки ҳамчунин дар маркази шаҳр дар кӯчаҳои Айнӣ ва Бохтар сохтани таваққуфгоҳҳо дар назар аст.

Аммо дақиқ нагуфтанд, ки ин тарҳҳо кай ба анҷом мерасанд.

Илова бар ин, дар ҳукумати шаҳр иттилоъ доданд, ки дар оянда тасмими бунёди чанд таваққуфгоҳи калонро доранд.

Қаблан, соли 2020 Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд” эълон карда буд, ки тибқи нақшаи генералӣ дар маркази шаҳр ва назди марказҳои савдо таваққуфгоҳҳои бисёрошёна бунёд карда мешавад.

Акс аз dushanbe.tj

Аммо то имрӯз чунин лоиҳаҳо дар марҳилаи тарҳрезӣ боқӣ мондаанд, ба истиснои бозори “Корвон”, ки дар он ҷо соли 2021 таваққуфгоҳи 6-ошёна бо 448 ҷой сохта, ба истифода дода шуд.

Мушкили нарасидани таваққуфгоҳҳо дар шаҳр торафт мубрам мегардад. Набудани таваққуфгоҳи мошинҳо дар биноҳои маъмурӣ, марказҳои савдо ва маҳаллаҳои истиқоматӣ боиси тамбашавии мошинҳо гашта, ҳаракат дар роҳро мушкил мегардонад. Дар шаҳр бештар таваққуфгоҳҳои бисёрошёна намерасанд.

Бояд гуфт, ки дар зери аксари биноҳои нав таваққуфгоҳҳо мавҷуданд, аммо онҳо холӣ ҳастанд, зеро арзиши як таваққуфгоҳ аз 7000 то 10000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки хеле гарон ва барои аксари сокинон дастнорас аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.