Айбдоркунандаи давлатӣ (додситон) ба Сайфулло Азимов, яке аз гумонбари куштори пурсарсуадои модар бо се фарзанди ноболиғаш дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст.
Дар ин бора як манбаъи огоҳ аз мурофиаи додгоҳӣ ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, гуфт, ки мурофиаи охирин ду рӯз пеш, 3-юми декбар дар Додгоҳи олии Тоҷикистон баргузор шуд.
Ба гуфтаи манбаъ, дар курсии айбдоршаванда, ду гумонбар - Сайфулло Азимови 32-сола ва Нуъмон Саидови 16-сола нишастаанд. Аммо мурофиаи онҳо аз ҳамдигар ҷудо баргузор мешавад.
“Аз ин пеш ҳам чанд мурофиа баргузор шудаву шоҳидон пурсида шуда буданд. Аз ҷумла, дар як мурофиа Сайфулло Азимов ва Нӯъмон Саидовро рӯбарӯ карданд. Ноболиғ гуфт, ки Азимов ӯро ба ин кор водор кардааст. Онҳо ҳарду доруи мадҳушкунанда хӯрда, даст ба куштор задаанд”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Тибқи иттилои манбаъ, Нӯъмон Саидов дар додгоҳ ба гуноҳи худ эътироф шуда гуфтааст, ки “ба Шаҳло Назарова, модари оила 17 корд ва ба Ҳабиба Иброҳимова, духтари 17-солаи ӯ 16 корд задааст”.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, Сайфулло Азимов “ба куштори Ҳамида (синфи 8) ва Шараф (синфи 6), фарзандони Шаҳло Назарова айбдор гаштааст”. Маълум нест, ки ӯ дар додгоҳ ба ин иттиҳом чӣ гуфтааст.

“Дар мурифиаи рӯзи 3-юми декабр Ҳалим Иброҳимов, падари ин оила, баромад карда, аз додгоҳ хостааст, ки ба Сайфулло Азимов ҳукми абад диҳад”, - гуфт манбаъи мо.
Ин нуктаро Ҳалим Иброҳимов низ ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард.
Тасдиқи ин гуфтаҳо тавассути манобеи дигар ғайриимкон аст. Ба "Азия-Плюс" муяассар нашуд, ки дар робита ба ин парванда назари Додситонии кул ва Додгоҳи олиро гирад.
Ҳамчунин, назари пайвандон ва вакили дифои гумонбар дар робита ба парванда маълум нест. Манбаъи мо гуфт, наздикони муттаҳамон дар мурофиаи охир ширкат накардаанд. Маълум нест, ки дар мурофиаҳои қаблӣ ҳузур доштаанд ё не.
Дар назар аст, ки дар мурофиаи оянда ҳукми додгоҳ нисбати Сайфулло Азимов эълон шавад, вале рӯзи баргузории он маълум нест.
Дар ҳамин ҳол, манбаъи мо гуфт, мурофиаи гумонбари дуввум Нуъмон Саидов ба таври ҷудогона аз муттаҳами якум дар Додгоҳи олии Тоҷикистон мегузарад. Ҳоло парвандаи ӯ ба куҷо расидааст, маълум нест.
Наздикони Саидов, аз ҷумла модараш, ки қаблан бо “Азия-Плюс” суҳбат карда буд, ба зангҳои пайдарпаи мо посух надод.
Қаблан, Маърифат Мирзоева, модари Нӯъмон Саидови 16-сола қаблан дар суҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” иттиҳоми даст доштани писараш дар ин кушторро рад карда, гуфта буд, “ӯ ба чунин кор даст зада наметавонист”.
Ҷузъияти бадастовардаи “Азия-Плюс” дар робита ба ин қазия
Куштори пурсарусадои як зан ва се фарзанди ноболиғи ӯ дар деҳаи Дарёободи ноҳия Рӯдакӣ шаби 5-ум ба 6-уми сентябр содир шуда, пас аз ду рӯз, 8-уми сентябр расонаӣ гардид. Баъди ин куштори мармуз сокинони деҳа ба тарсу изтироб афтоданд ва атрофи он сарусадо зиёд шуд. Як рӯз баъд аз ба хок супоридани ҷасадҳо, хабарнигорони “Азия-Плюс” ба ин деҳа рафтанд ва бо ҳамсояҳои хонадони кушташуда суҳбат карданд.
Дертар, Ҳалим Иброҳимов, падари ин хонавода, ҳам бо “Азия-Плюс” суҳбат карда, баъзе ҷузъиёти қатли ҳамсар ва се фарзандашро, бо такя ба гуфтаҳои пайвандону ҳамсояҳо ва мақомот, ошкор кард.
Ҳалим Иброҳимов гуфта буд, Сайфулло Азимов ҳамсояаш аст, ки як хона болотар аз хонаи ӯ хона дорад. Нуъмон Саидов аз пайвандони Сайфулло Азимов аст, вале дар деҳаи дигар зиндагӣ мекунад.
“Оилаи Сайфулло бо оилаи мо рафтуомад доштанд. Ӯ ба ман даст пеши бар “акои Ҳалим” гуфта, муроҷиат мекард. Аз мо ҳезуму ширу ҷурғот мегирифтанд. Зану модараш ба хонаамон меомаданд. Аз ҳолу асрори мо огоҳ буданд. Душмание надоштем ва вақте аз боздошти ӯ огоҳ шудам, дар оғоз бовар накардам”, - қаблан гуфта буд Иброҳимов.
Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) ҳам расман тасдиқ карда буд, ки дар куштори чаҳор узви як оила дар ноҳияи Рӯдакӣ ду гумонбар боздошт шудаанд.
Рӯзноманигори “Азия-Плюс” қаблан аз вазъи зиндагӣ ва рӯҳияи сокинони деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ гузориш омода карда буд, ки онро дар пайванди зерин хонда метавонед: “Дару тирезаҳои баста ва кӯчаҳои холӣ. Гузориш аз деҳае, ки зан ва се фарзанди ӯро кушта пайдо карданд”.






Шикояти тоҷири ӯзбек аз кори гумруки Тоҷикистон. Муовини сарвазири Ӯзбекистон гуфт, "мо ҳам посухи ҳамсон медиҳем".
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 январи соли 2026
Соли гузашта дар Тоҷикистон аз ҳама бештар кадом маҳсулот истеҳсол шуд?
Чаро пӯст дар Тоҷикистон хеле кам коркард мешавад?
Кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳам соҳиби иди касбӣ шуданд
Мақомот аз се муноқиша дар “Парламент” гуфтанд, вале аз занозанӣ бо ширкати додситони собиқи Бӯстон ишорае накарданд
Кай дар Тоҷикистон суғуртаи ҳатмии тиббӣ ҷорӣ мешавад?
Натиҷагирӣ аз соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026. Дар маҷлиси солонаи ҳукумат чӣ гуфтанду чӣ шуниданд?
Аз Кумитаи дин гуфтанд, имсол моҳи Рамазон кай фаро мерасад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста