“Танҳо ба Худо эътиқод дошта бошед, аз Ӯ шифо талаб кунед. Чанд маротиба шуд, мегӯям, дигар дар зарфҳо об наоред ва дар меҳроби масҷид нагузоред. Ин хурофот аст!”, - ин хитоби имоми яке аз масҷидҳои Душанбе ба намозгузорон буд.

Ӯ ба зарфҳои обе, ки аз сӯйи намозгузорон ба масҷид оварда, дар наздикии меҳроб гузошта шуда, ишора мекард.

Онҳое, ки дар зарф об оварда буданд, бовар доранд, ки нӯшидани он ба саломатӣ фоида дорад. Аммо рӯҳониён дар бораи ин амали намозгузорон андешаи мутафовит доранд: бархе ба хурофот будани ин андеша ишора мекунанд, теъдоде ин корро ба эътиқоду боварҳо рабт медиҳанд.

 

“Шифобахш ва савоб аст”

Яке аз намозгузорон дар масҷиди ҷомеъи ба номи Мавлавӣ Муҳаммадҷон, ки дар рӯзи ҷумъа, пеш аз оғози намоз дар даст зарфи об ба сӯйи ин масҷид шитоб дошт, гуфт, бовар дорад, ки пас аз адои намоз ва дуои дастаҷамъӣ “ин об шифобахш мешавад ва нӯшидани он савоб аст”.

Ӯ саросемавор ҳаракат дошт, то обро ба назди меҳроб (ҷойе, ки имом намоз мегузорад) наздик гузорад. Вай обро наздиктар ба меҳроб гузошт, сарпӯши зарфро боз кард ва канор монд.

“Дар ин рӯз каломи Худо садо медиҳад, ҳазорҳо намозгузор дуо мекунанд ва ин ҳама дуоҳои хонда ба оби дар зарфи бидуни сарпӯш гузошта таъсир мекунад. Он об шифобахш мешавад ва нӯшидани он фоида ва савоб дорад”, - гуфт дар суҳбат бо мо ин намозгузор.

Вақте аз ӯ пурсидем, ки ин бовар аз куҷост, афзуд, “гузаштаҳои мо ин корро мекарданд ва он об ба бемориҳо шифо мебахшид, мо онро идома медиҳем”. Аммо мушаххас аз ҳеҷ сарчашмаи боътимод ном нагирифт.

Намозгузори дигар ҳам мегӯяд, дар рӯзи намози ҷумъа дар зарф об овардан дуруст аст, он об шифобахш мешавад, аммо дар меҳроб гузоштани он дуруст нест.

“Он бояд дар меҳроб набошад, дар ҳар ҷойи дигари масҷид метавон гузошт. Чун дуо дар ҳар ҷойи масҷид шунида мешавад. Танҳо бояд ихлос кард”, - гуфт намозгузори дуюм дар суҳбат бо мо.

Як боздид аз масоҷид дар рӯзи ҷумъа собит мекунад, ки эътиқотмандони “шифобахшии оби дар масҷид гузошта” кам нестанд. Ҳарчанд аксари онҳо наметавонанд мушаххас гӯянд, ки ин “одат” бар кадом асос аст.

 

“Дар шариат ва урфи мо нест”

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, муовини раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ва сархатиби вилояти Суғд, мегӯяд, ба масҷид дар зарф об овардан “дар шариат ва урфи мо нест”.

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода
Акс аз "Asia-Plus"

“Ҳеҷ асосе надорад. Чанд сол шуд дар масҷид имоматӣ мекунам ва бори аввал дар ин бора мешунавам. Одамон ба масҷид барои намозхонӣ меоянд, ҳеҷ кас об намеорад”, - гуфт Мӯсозода.

Азалшоҳ Шарифзода, узви Шӯрои уламои Тоҷикистон ва сархатиби шаҳри Ҳисор ҳам афзуд, “дар шариат ин (ба намози ҷумъа об бурдан) ҳатмӣ нест”.

“Ин як одати мардум аст, ки ба он ихлос доранд. Мардуми Мовароунннаҳр чунин одатҳо доранд. Одамон намоз мехонанд, қироати Қуръон мекунанд гуфта, даҳони зарфро кушода мемонанд. Яъне, коре, ки гузаштагонашон кардаанд, ҳамонро мекунанд. Лекин ин дар шариат ҳатмӣ нест”, - изҳор дошт Шарифзода.

Ин рӯҳонӣ таъкид кард, ки “он чӣ дар шариат омадааст, сурае аз Қуръонро хонда, ба оби дар зарф буда “пуф” кардан аст”. Маъмулан, миёни сокинон инро “оби дам” ҳам мегӯянд.

Азалшоҳ Шарифзода
Акс аз бойгонии А.Шарифзода

 

“Агар ба нияти шифо нӯшанд, фоида дорад”

Дар ҳамин ҳол, Абдулвоҳид Ҳомидов, мутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон боэътимод гуфт, ки “ин об таъсир мерасонад”.

“Ояти қуръонӣ дар куҷое хонда шавад, таъсир дорад. Ҳадис аз Имом Бухорӣ ҳаст, ки “албатта амалҳо вобаста ба ниятҳо ҳастанд ва барои ҳар шахс он чизе аст, ки ба қасди расидан ба он ният кардааст”. Об аст он ё чойи қоқ таъсир мекунад”, - гуфт Ҳомидов.

“Агар ба нияти шифо нӯшанд, фоида дорад”, - зикр кард Ҳомидов.

Бояд гуфт, дар Тоҷикистон, ки ҷамъияташ суннатгаро аст, боварҳо ва пайравӣ аз баъзе амалҳо дар баъзе ҳолат бар шунидаву дидаҳо асос ёфта, таълимоту сарчашмаҳои боэътимод канор мемонанд ва ин боис ба густариши хурофот мешавад.

Абдулвоҳид Ҳомидов
Акс аз АМИТ "Ховар"

 

Дар чанд соли охир, мақомоти интизомии кишвар “мубориза бо хурофот”-ро пурзӯр карда, садҳо фолбину ҷодугар ва ҳатто онҳое, ки ба назди онҳо мераванд, боздошту ҷарима карданд, аммо ҳоло ҳам унсурҳои хурофотпарастӣ дар ҷомеа зиёд мушоҳида мешавад.

Ба андешаи коршиносон, ҳарчанд рӯҳониёни суннатии кишвар ҳам борҳо даъват ба парҳез аз хурофот мекунанд, аммо дар баъзе ҳолат, дурӣ аз таълими динӣ ва холигии фазо, махсусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз руҳониёни босавод, боиси густариши он мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.