Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани китоби “Киштии Нӯҳ”-и Юнус Юсуфӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми сию шашуми романи “Киштии Нӯҳ”-и Юнус Юсуфӣ манзури ҳаводорони китоб мегардад.
Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.
Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин ва ҳикояҳои Антон Чеховро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.
Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани роман ва ҳикояҳои китоби "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ оғоз карданд.
Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.
Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ ва “Телеграм”-и радиои “Азия-Плюс” метавонед, гӯш кунед.



Додгоҳ ҳукми мудири кӯдакистон ва мураббии муттаҳам ба марги кӯдаки дусоларо содир кардааст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 декабри соли 2025
“Дору ё хӯрок харам ё либос гирам?”. Оё нафақаи шахсони маъюбиятдошта ниёзҳояшонро бароварда мекунад?
Дар Хуҷанд 15 касро барои партофтани партов дар ҷойҳои мамнӯъ ҷарима кардаанд
Пули 100-сомонии ҷашнӣ соҳиби ҷоиза шуд. Он бо кадом тарҳ омода шуд ва чӣ бартарият дорад?
Ҷаримаи як кас барои фурӯши китобҳои мамнуи динӣ. Чӣ гуна метавон фаҳмид, ки китоб аз ташхиси диншиносӣ гузаштааст?
Ғолибони озмуни “Фурӯғ...” маълум шуданд. Киҳо соҳиби “Шоҳҷоиза” ва 140 ҳазор сомонӣ гардиданд?
Бали баландтарин 496. Киҳо дар имтиҳонҳои дохилшавӣ аз ҳама бали баланд гирифтанд?
Медали нуқраи намояндаи Тоҷикистон дар мусобиқоти байналмилалии машшотагӣ дар Русия
Қабули асарҳо барои дарёфти Ҷоизаи Рӯдакӣ оғоз шуд. Киҳо метавонанд асар пешниҳод кунанд ва талабот чӣ гуна аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста