Баъди насби дурбинҳои назоратӣ дар чанд кӯчаи шаҳри Хуҷанд давоми ду моҳи охир мақомот тавасути ин дурбинҳо 15 касро барои дар ҷойҳои мамнӯъ партофтани партов беш аз 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд.

Хуршед Салимов, сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд ба “Азия-Алюс” гуфт, нисбати 15 тан барои риоя накардани талаботи ҳифзи муҳити зист ҳангоми ҳамлу нақл..., нест кардан (гӯронидан)-и партовҳои саноатию маишӣ ва дигар партовҳо (моддаи 232 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон) парвандаи маъмурӣ боз карда, ҳар яки онҳо 375 сомонӣ (5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо-1 нишондиҳанда 75 сомонӣ дар соли 2025) ҷарима шуданд.

“Дар умум, ҳамаи онҳо 5625 сомонӣ ҷарима шудаанд. Ҳамаи муҷозотшудагон   шахсонӣ воқеӣ мебошанд ва нишондиҳандаи ҷаримаи онҳо аз 5 то 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳоро (1 нишондиҳанда 75 сомонӣ) ташкил медиҳад. Барои шахсонӣ ҳуқуқӣ аз 15 то 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима пешбинӣ шудааст”, - гуфт Хуршед Салимов.
Хуршед Салимов
Акс аз муаллиф

Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, ду моҳ пеш бо супориши шаҳрдори Хуҷанд дар чанд кӯчаи шаҳр 8 дурбини назоратӣ насб карда шуд, ки ҳадафи онҳо “пешгирӣ аз партофтани партов дар ҷойҳои муайяннашуда ва ҷилавгирӣ аз вайроншавии муҳити зист аст”

Қаблан, ҳукумати ин шаҳр навишта буд, ки ҳамаи дурбинҳои назоратӣ дар буриши кӯчаи Фирдавсӣ ва Ҳаким Карим (назди Додгоҳи шаҳри Хуҷанд) насб шуданд, ки мустақим қонуншиканиро ба қайд гирифта, ба телефони боварии шуъбаи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд интиқол медиҳад.

Ба таъкиди ҳукумати маҳаллӣ, ин иқдом дар пайи муроҷиати шаҳрвандон вобаста ба пайдо гардидани партовгоҳҳои сунъӣ роҳандозӣ шудааст.

Ҳамчунин, интизор меравад, ки дар дигар мавзеъҳои шаҳри Хуҷанд низ чунин дурбинҳо насб гарданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.