Имсол дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 4 кас барандаи “Шоҳҷоиза” ва 90 тани дигар ғолиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм дониста шуданд. Маросими тақдими ҷоизаҳо имрӯз, 4-уми декабр дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шуд.
Имсол озмун дар чор бахш баргузор гардида, ду бахш – эҷоди назм ва эҷоди наср тибқи хулоса ва пешниҳоди коршиносон аз низомнома берун карда шуданд.
Озмун байни 4 қишр - хонандагони синфҳои 1-4, хонандагони синфҳои 5-11, донишҷӯён (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), омӯзгорон, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат ва намояндагони касбу кори гуногун баргузор шуда, дар ҳар бахш як ҷойи аввал, ду ҷойи дуюм ва се ҷойи сеюм муқаррар гардида буд.
Дар умум, 15 нафар ғолиби ҷойи аввал гардида, 30 нафар ҷойи дуюм ва 45 нафар мақоми сеюмро соҳиб гардиданд.
Ба 4 ғолиби “Шоҳҷоиза” ба ҳар яке 140 ҳазор сомонӣ ва ба ғолибони ҷойҳои якум, дуюм, сеюм мутаносибан 70, 50 ва 40 ҳазор сомонӣ тақдим гардид.
Ғолибони 4 “Шоҳҷоиза” дар чор бахш инҳоянд:
- Табассуми Ҷиянхон, хонандаи синфи 10-и мактаби 3-и ноҳияи Муъминобод – дар бахши адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ;

- Анӯшервон Раҳимов, донишҷӯи курси 2-и Донишҳгоҳи давлатии Данғара – дар бахши адабиёти классики тоҷик;
- Умеда Шарифова, хонандаи синфи 4-и мактаби 4-и ноҳияи Мастчоҳ – дар бахши адабиёти муосири тоҷик;
- Фариса Холиқова, хонандаи синфи 10-и мактаби 50-и ноҳияи Рӯдакӣ.
Ғолибони ҷойи аввал байни хонандагони синфҳои 1-4:
- Эмомалӣ Сафарзода, хонандаи синфи 3-и Литесйи тамоюли техникии ноҳияи Данғара ба номи “Афлотун” – бахши адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ;
- Маҳваш Абдуғафурзода, хонандаи синфи 2-и Литсейи давлатии “Ориёно”-и шаҳри Бохтар – бахши адабиёти классики тоҷик;
- Шукрона Мараҷабова, хонандаи синфи 4-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36-и ноҳияи Ашт - бахши адабиёти муосири тоҷик;
- Ҳусноварҷон Умаров, хонандаи синфи 3-и Литсейи №5 дар шаҳри Исфара – бахши адабиёти ҷаҳон.
Ғолибони ҷойи аввал байни хонандагони синфҳои 5-11:
- Абӯбакр Ҷалилов, хонандаи синфи 7-и мактаби №98-и шаҳри Турсунзода - бахши адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ;
- Ҷумаева Нозия, хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №93-и ноҳияи Сино - бахши адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ;
- Мусозода Нусратмо, хонандаи синфи 9-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27-и ноҳияи Мастчоҳ - бахши адабиёти классики тоҷик;
- Ҷураев Юсуф, хонандаи синфи 9-и МДТ Литсейи №3 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе - бахши адабиёти муосири тоҷик;
- Нуриддинова Фотима, хонандаи синфи 11-и Литсейи инноватсионии «Душанбе»-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон - бахши адабиёти ҷаҳон.
Бо номи номи ғолибони ҷойҳои якум, дуввум ва сеюм дар ҳамаи бахшҳо дар баргаҳои "Азия-Плюс" шинос шавед:
Ғолибони ҷойи аввал байни донишҷӯён (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо):
- Бобобекзода Фараҳноз, донишҷӯйи курси 2-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров - бахши адабиёти классики тоҷик;
- Рустамова Мафтуна, донишҷӯи курси 3-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдулоҳи Рӯдакӣ - бахши адабиёти муосири тоҷик;
- Ҳасанова Саёҳат, донишҷӯйи курси 2-и Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода - бахши адабиёти ҷаҳон.
Ғолибони ҷойи аввал байни омӯзгорон, ходимони илмию адабӣ, фарҳангу санъат ва намояндагони касбу кори гуногун:
- Маҳмадраҷабзода Сабрина, омӯзгори Литсейи инноватсионии “Ҷавонӣ”-и шаҳри Хуҷанд - бахши адабиёти классики тоҷик;
- Мадалиева Шамсия котиб-коргузори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон - бахши адабиёти муосири тоҷик;
- Холов Меҳриддин, омӯзгори ДДФСТ.Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз соли 2019 инҷониб доир мегардад. Тӯли ин солҳо ба низомномаи озмун чанд маротиб тағйирот ворид шуд. Аз ҷумла, он ба қишрҳо тақсим шуда, имсол ду номинаи он ихтисор гардид ва маблағи ҷоизаҳо ду маротиба афзуд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми худ бахшида ба Рӯзи дониш дар соли 2024 аз шеваи баргузории он дар солҳои охир интиқод карда, зарурати қолабшиканӣ дар онҳоро таъкид намуда буд.
Дар ҳамин ҳол, қариб ҳар солраванди баргузории он дар шабакаҳои иҷтимоӣ муҳокима мешавад. Баъзе иштирокчиёну шоҳидони ин озмун аз беадолатии доварон интиқод мекунанд. Доварони озмун ҳам “мусоидати болову поён”-ро хиёнат ба ин озмун меҳисобанд. Бештар дар ин мавод хонед: Аз “дурӯғу “через” то “мусоидати болову поён” дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”






Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 декабри соли 2025
“Дору ё хӯрок харам ё либос гирам?”. Оё нафақаи шахсони маъюбиятдошта ниёзҳояшонро бароварда мекунад?
Дар Хуҷанд 15 касро барои партофтани партов дар ҷойҳои мамнӯъ ҷарима кардаанд
Пули 100-сомонии ҷашнӣ соҳиби ҷоиза шуд. Он бо кадом тарҳ омода шуд ва чӣ бартарият дорад?
Ҷаримаи як кас барои фурӯши китобҳои мамнуи динӣ. Чӣ гуна метавон фаҳмид, ки китоб аз ташхиси диншиносӣ гузаштааст?
Бали баландтарин 496. Киҳо дар имтиҳонҳои дохилшавӣ аз ҳама бали баланд гирифтанд?
Медали нуқраи намояндаи Тоҷикистон дар мусобиқоти байналмилалии машшотагӣ дар Русия
Қабули асарҳо барои дарёфти Ҷоизаи Рӯдакӣ оғоз шуд. Киҳо метавонанд асар пешниҳод кунанд ва талабот чӣ гуна аст?
“Сари роҳи тобутро гирифт”. Парвандаи ҷиноӣ алайҳи як мард барои даъво дар ҷанозаи ҳамдеҳааш
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 35
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста