Дар пайи марги Судайси 2-сола дар кӯдакистони хусусии “Саволу Ҷавоб” (Почемучка), Рухшона Исматуллоева, мудири ин кӯдакистон ба муҳлати 6 сол ва Боғигул Раҳимова, мураббияи писарбача ба 5 соли зиндон маҳкум шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, додгоҳ кӯдакони ноболиғ доштани ҳардуи онҳоро ба назар гирифта, иҷрои ҳукмро то 8-сола шудани фарзандонашон мавқуф гузоштааст. Кӯдаки мудир 3 моҳа ва тифли муррабӣ 3 сола мебошанд.
Дар ин бора як манбаъи огоҳ аз мурофиаи додгоҳӣ ба “Азия-Плюс” хабар дода гуфт, ки ҳукмро Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе содир кардааст. Вале маълум нест, ки ин ҳукм кай содир шудааст.
Ба гуфтаи манбаъ, Рухшона Исматуллоева бо ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ: моддаи 209, қисми 2 бандҳои “а”, “б” (Истеҳсол, нигоҳ доштан, интиқол ё ба соҳибияти каси дигар додани мол ва маҳсулот, иҷрои кор ё хизматрасоние, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавоб намедиҳад) ва моддаи 36 қисми 2-323 (Шарикони ҷиноят) гунаҳкор дониста шуд..
"Бо қарори додгоҳ, тибқи моддаи 209 Исматуллоева 5 сол ва дар асоси моддаи дуввум, 2 соли дигар аз озодӣ маҳрум гардид. Бо татбиқи моддаи 67 Кодекси ҷиноятӣ аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳо, ҷазои ниҳоӣ нисбати Рухшона Исматуллоева 6 сол таъин гарид", - гуфт манбаъи мо.
Ӯ ҳамчунин, аз ҳаққи ишғоли мансаб ва машғул шудан ба фаъолияти омӯзгорӣ, тарбия ва инкишофи ноболиғон ва ҳар фаъолияти дигаре, ки кор бо ноболиғон аст, 4 сол маҳрум карда шудааст.
Додгоҳ бо ба назар гирифтани кӯдаки 3-моҳаи Исматуллоева иҷрои ҳукми ӯро то ба синни ҳаштсолагӣ расидани фарзандаш ба мавқуф гузоштааст.
Ҳамсуҳбати мо гуфт, Боғигул Раҳимова, муррабӣ бо моддаи 175 қисми 2 банди “б” (амале, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги кӯдак шуд) гунаҳкор дониста шуда, ба муддати 5 сол ба зиндон маҳкум шудааст. Ӯ низ аз ҳаққи ишғоли мансаб ва машғул шудан ба фаъолияти омӯзгорӣ, тарбия ва инкишофи ноболиғон ва ҳар фаъолияти дигаре, ки кор бо ноболиғон аст, 4 сол маҳрум карда шудааст.
Додгоҳ бо ба назар гирифтани фарзанди 3-солаи номбурда иҷрои ҳукми ӯро то ба ҳаштсолагӣ расидани кӯдаки ноболиғаш мавқуф гузоштааст.
Назари ҳарду маҳкумшуда дар робита ба ҳукми додгоҳ маълум нест.
Бояд гуфт, марги Судайси 2-сола дар моҳи майи соли ҷорӣ дар кӯдакистони хусусии “Саволу Ҷавоб” (Почемучка)-и пойтахт дар пайи аз панҷараи ошёнаи дуюми рахти хоб овезон шудан, баҳси тундеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён оварда буд.
Қаблан Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кули кишвар гуфта буд, ки дар пайи марги писарбача дар кӯдакистон алайҳи 5 нафар – аз ҷумла ду корманди Вазорати маорифи Тоҷикистон, ки ба гуфтаи мақомот дар шуъбаи иҷозатномадиҳӣ ба муассисаҳои томактабӣ кор мекардаанд, парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Раҳим Саидзода, вазири маориф кишвар дар робита ба ин қазия гуфта буд, ки изоҷатномаи фаъолияти кӯдакистони хусусӣ аввали соли ҷорӣ ба анҷом расида, он дар ин муддат ғайриқонунӣ фаъолият мекардааст.
Ҷузъиёти бештари ин ҳодисаро дар матлаби “Баъди марги писарчаи 2-сола дар кӯдакистон. Ҷузъиёти ҳодиса аз забони шоҳидон ва нигарониҳо аз нигоҳубини кӯдакон дар боғчаҳо” мутолиа кунед.





Шикояти тоҷири ӯзбек аз кори гумруки Тоҷикистон. Муовини сарвазири Ӯзбекистон гуфт, "мо ҳам посухи ҳамсон медиҳем".
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 январи соли 2026
Соли гузашта дар Тоҷикистон аз ҳама бештар кадом маҳсулот истеҳсол шуд?
Чаро пӯст дар Тоҷикистон хеле кам коркард мешавад?
Кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳам соҳиби иди касбӣ шуданд
Мақомот аз се муноқиша дар “Парламент” гуфтанд, вале аз занозанӣ бо ширкати додситони собиқи Бӯстон ишорае накарданд
Кай дар Тоҷикистон суғуртаи ҳатмии тиббӣ ҷорӣ мешавад?
Натиҷагирӣ аз соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026. Дар маҷлиси солонаи ҳукумат чӣ гуфтанду чӣ шуниданд?
Аз Кумитаи дин гуфтанд, имсол моҳи Рамазон кай фаро мерасад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста