Дар яке аз кӯдакистонҳои хусусии пойтахт писарбачаи 2-сола ҳалок шуд. Бино ба маълумоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ин ҳодисаи фоҷеабор рӯзи 19 май рух додааст: кӯдак дар панҷараи ошёнаи 2-юми рахти хоб овезон шуда, ба ҳалокат расидааст.
Мақомоти тафтишот муайян кардаанд, ки муррабӣ дар вақти хоби рӯзона кӯдаконро танҳо гузошта, вақти рух додани ҳодиса дар ҳуҷраи хоби кӯдакон ҳузур надоштааст.
Мақомоти милитсия ва додситонии ноҳияи Сино зани 29-солаи корманди кӯдакистони ҶДММ “Саволу ҷавоб”-ро барои “зоҳир намудани хунукназарӣ зимни иҷрои вазифаҳои худ” боздошт кардааст.
Нисбати зан мутобиқи моддаи 174 Кодекси ҷиоятии ҶТ (Иҷрои номатлуби уҳдадорӣ оид ба таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии кӯдак) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Дар сурати исботи гуноҳ ба ӯ то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.
Тафтиш идома дорад.
Ин ҳодиса мавҷи вокунишҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор оварда, волидон изҳори нигаронӣ мекунанд. Корбарон низ аз ҳаёту солимии кӯдакон изҳори нигаронӣ намуда, талаб доранд, ки назорат аз болои муассисаҳои томактабии хусусӣ шадидтар ва масъулияти кормандон қатъитар ба роҳ монда шавад.
Бисёриҳо савол медиҳанд, ки то чӣ андоза фаъолияти чунин кӯдакистонҳо самаранок танзим мешавад, оё онҳо иҷозатнома доранд, раванди аттестатсияи кормандон чӣ гуна мегузарад ва кӣ масъулияти амнияти кӯдаконро ба дӯш дорад.
Ин ҳодиса ба баҳси доманадор дар бораи вазъи низоми таҳсилоти томактабӣ дар Тоҷикистон, бахусус дар бахши хусусӣ боис гардид. Ҷомеа интизори таҳқиқоти шаффоф ва роҳандозии тадбирҳои доимӣ барои пешгирии чунин фоҷиаҳо дар оянда мебошад.





Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ ба амал овард
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 марти соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста