Деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ, ки одатан серодам буд, ҳозир хомӯш ва холӣ аст. Дару тирезаҳо маҳкам бастаанд ва сокинон бо тарс дар бораи ҳодисае сӯҳбат мекунанд, ки осоишашонро баҳам зад.
Шаби 5 ба 6-уми сентябр дар хонаводаи Иброҳимовҳо куштор шуд. Шаҳло Назарова, зани 44-сола, ҳамроҳи се фарзанди хурдсолаш - Ҳабиба (синфи 10), Ҳамида (синфи 8) ва Шараф (синфи 6) кушта шуданд. Ин ҳодиса рӯзи 8-уми сентябр ошкор гардид.
Зани ҳамсоя, ки нахост номаш зикр шавад, ба “Азия-Плюс” гуфт, Ҳалим Иброҳимов, падари хонавода, ки дар муҳоҷирати корӣ дар Русия буд, рӯзи 6 ва 7-уми сентябр бо оилааш гуфтугӯ карда натавониста, аз ҳамсояи дигар хоҳиш мекунад, ба хонааш рафта, аз ҳоли зану фарзандонаш хабар гирад.
“Зани ҳамсоя як нафари дигарро гирифта, ба хонаи Шаҳло меравад. Садо мекунад, касе ҷавоб намедиҳад, баъд ба хона медарояд, ки ҷасади писарчаро бо дасту по ва даҳони баста мебинад. Дод мегӯяду ба берун мебарояд. Полисро фарёд мекунанд, онҳо омада, ҷасади Шаҳло ва се фарзандашро аз хона пайдо мекунанд”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Ҷасадҳоро рӯзи 9-уми сентябр дар деҳаи Мискинободи ноҳияи Файзобод, макони зисти пешини ин хонавода ба хок супоридаанд. Ҳоло дар хонае, ки куштор шудааст, касе нест.
Ҳалим Иброҳимов рӯзи ҷаноза аз Русия ба Тоҷикистон баргаштааст, вале ба манзили зисташ ба деҳаи Дарёобод наомада, дар Мискинобод мотам дорад.
Чанд сокини дигари деҳаи Дарёобод ҳам ин ҳарфҳоро тасдиқ карданд.
Мақомоти масъул дар бораи ин ҳодиса маълумот намедиҳанд. Аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки “тафтишот идома дорад ва барои халал нарасонидан ба он иттилои бештар намедиҳанд”.
Оилаи хоксор ва меҳнаткаш
Оилаи Иброҳимовҳо 16 сол пеш, соли 2009 аз деҳаи Мискинободи ноҳияи Файзобод ба деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ кӯч баста буданд. Ҳалим Иброҳимов бо ҳамсараш Шаҳло Назарова ва 3 фарзандаш дар ин деҳа зиндагӣ мекард ва барои таъмини рӯзгор ба муҳоҷирати корӣ мерафт.

“Ҳалим Иброҳимов марди ботақво ва соҳибэҳтиром буд. Шаҳло ҳам зани хуб буд. Оддӣ, хоксор ва батартиб буд. Дар замини назди хонааш деҳқонӣ мекард. Гов дошт, ширашро мефурӯхт. Як пиёла чою нонаш доим тайёр буд. Зани зебо ҳам буд, бамаънӣ ҳам буд. Бо ҳамсояҳо муносибати нағз дошт. Оилаи бой набуданд, тилловорӣ надоштанд, хоксорона зиндагӣ мекарданд”, - гуфт яке аз ҳамсояҳои ин хонадон.
Се кӯдаки кушташуда дар мактабҳои ноҳия таҳсил мекарданд:
Ҳабиба Иброҳимова, хонандаи синфи 10-и мактаби №11;
Ҳамида Иброҳимова, хонандаи синфи 8-и мактаби №84;
Шараф Иброҳимов, хонандаи синфи 6-и мактаби №11.
Сайёра Назарова, директори мактаби №84, дар бораи Ҳамида ба “Азия-Плюс” гуфт, “духтари хуб буд, бо баҳои миёна таҳсил мекард, мо ҳам аз ин ҳодиса ҳайронем”. Ӯ аз ин бештар маълумот надод.
Як муаллими дигари ин мактаб, ки ба Ҳамида Иброҳимова дарс додааст, бидуни зикри ном гуфт, ки муносибаташ бо ҳамсинфону устодон нағз буд, бо баҳои 3-4 мехонд, аълохон набуд, лекин хушмуомила буд.

“Ба фанҳои забону русӣ, химиё ва санъати тасвирӣ таваҷҷӯҳ дошт, ин фанҳоро хуб мехонд. Бештар бо духтарҳо муносибат дошт. Муносибаташ бо писарҳо ҷиддитар буд”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Ба қавли ҳамсояҳо, Ҳабиба ва Шараф низ одобу рафтори хуб ҳам доштанд.
Тарсу ҳарос дар деҳа ва тадобири амниятӣ
Ин ҳодиса осоиши сокинони деҳаро баҳам задааст. Кӯчаҳо қариб холӣ ва камодаманд. Сокинон, аз ҷумла занон ва кӯдакон, бо тарсу ҳарос дар хонаҳои худ паноҳ бурда, тирезаҳо ва дарҳоро мебанданд. Баъзе оилаҳо маҷбур шудаанд, ки шабона дар як хона ҷамъ шаванд.
Садафмо Самадова, сокини куҳансоли Дарёобод, ёд надорад, ки дар деҳа чунин қатле сурат гирифта бошад. Ӯ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки Дарёобод то кунун амн буд.

Ба қавли Самадова, баъди ин ҳодиса ҳама дар ҳарос ҳастанд, ҳатто чанд шаб боз ҳамсояҳо ҷамъ шуда, дар як хона мехобанд.
“Ҳама ҳарос доранд, бало, ки ба сари ҳамсояат омад, албатта, метарсӣ. Дилам барои ҳамин кӯдакҳо месӯзад. Онҳо гуноҳе надоштанд. То ҳол дар деҳаи мо чунин ҳодиса рух надодаст, барои ҳамин ҳама хавотир аст”, - гуфт Самадова.
Маҳмадӣ Валиев, сокини дигари Дарёобод, пас аз ин ҳодиса аз шаҳри Роғун ба манзили зисташ омадааст, то канори фарзандонаш бошад.

“Дар Роғун кор мекунам ва вақте ин ҳодиса рух дод, ҷавоб гирифта, омадам, ки канори фарзандонам бошам. Ду кӯдаки майда дорам, метарсанд”, - гуфт ӯ.
Як ҷавони деҳаи Дарёобод, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, дар сӯҳбат бо мо аз эҳтиёткориҳо ҳарф зад. Ӯ, ки ҳамсояи Иброҳимовҳо аст, гуфт, “то ин ҳодиса дару тирезаи хонаи мо шабона ҳам кушода буд, ором мехобидем, аммо ҳоло дару тирезаро торик ношуда, қулф мекунем, бачаҳо пеш аз намози шом хона медароянд, чанд рӯз боз рӯзона ҳам қариб касе дар кӯча намегардад”.
“Кормандони мақомот таъкид карданд, ки эҳтиёт бошед, бачаҳоро бесоҳиб нагузоред, одами шубҳанокро дидед, хабар диҳед”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Як ҳамсояи дигар гуфт, ду ҳафта пеш тӯйи додари Шаҳло дар Файзобод буд, зан бо духтари калониаш тӯй рафта буданд, писару духтари хурдиаш дар ҳамин хона хоб буданд. Аслан, ҳеҷ гуна тарсу воҳима набуд”.

“Аммо баъди ин ҳодиса кӯдакони мо метарсанд, ки шабона ҳоҷатхона раванд ё раванд об нӯшанд. Шамол мешавад, тирезаҳоро меларзонад, бачаҳо метарсанд”, - мегӯяд ин ҳамсоя.
Сокинони деҳаи Дарёобод мегӯянд, ки ба касе гумонбар нестанд, зеро ин оила душман надошт. Кормандони мақомот ҳамаи ҳамсояҳоро ду-се маротиба бозпурсӣ кардаанд. Натиҷаи ин бозпурсиҳо маълум нест.
Ҳоло кормандони мақомоти қудратӣ манзили куштор ва атрофи онро иҳота карда, тафтишот мегузаронанд. Мақомот аз сокинон хостаанд, ки эҳтиёткор бошанд, фарзандони худро беназорат нагузоранд ва дар сурати мушоҳидаи шахсони шубҳанок, ба онҳо хабар диҳанд.




Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста