Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) барои татбиқи лоиҳаи “Кам кардани талафоти нерӯ” ба Тоҷикистон 43,0 миллион евро қарзу грат медиҳад.
Дар ин бора Вазорати молияи кишвар хабар дода, гуфтааст, ки созишномаҳо барои дарёфти ин маблағро рӯзи 4-уми декабр дар Душанбе Файзиддин Қаҳҳорзода, раҳбари ин ниҳод ва Холгер Вифел, намояндаи доимии БАТР дар Тоҷикистон имзо карданд.
Ба гуфтаи манбаъ, аз 43 миллион евро 28 миллионашро маблағҳои қарзӣ ва 15 миллиони дигарро маблағҳои грантии Фонди сармоягузории Осиё-Уқёнуси Ороми Иттиҳоди Аврупо ташкил медиҳад.
Ба қавли Вазорати молия, ҳадафи лоиҳаи “Кам кардани талафоти нерӯ” мусоидат дар навсозии инфрасохтори ҳисобдорӣ ва насби ҳисобкунакҳои барқӣ дар шабакаҳои тақсимоти нерӯи барқ дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд мебошад.
Кӯмаки БАТР дар ҳолест, ки имсол сокинони минтақаи Тоҷикистон мегӯянд, “лимит”-и барқ шадидтар шуда, дар як шабонарӯз аз 2 то 4 соат бо барқ таъмин ҳастанд. Ба таъкиди онҳо, ин реҷа ҳам на ҳама вақт риоя мешавад.
Масъулини интиқолу тақсимоти барқ тасдиқ мекунанд, ки дар кишвар, “дар интиқоли барқ маҳдудияти сахт ҷорӣ шудааст” ва мушкилро ба паст шудани сатҳи об дар обанбори НБО “Норак” рабт медиҳанд.
Дар пайи ин, "Шабакаи тақсимоти барқ", ки масъули тақими барқ дар кишвар аст, бо ирсоли як паёмаки телефонӣ ба аҳолӣ ҳушдор додааст, ки "дар сурати истифодаи зиёда аз 4 киловат (кВт) барқ дар хона интиқоли барқ ҳудуди 30 дақиқа ба таври худкор (автоматӣ) қатъ мешавад".
Муфассал дар бораи маҳдудияти барқ дар кишвар, тартиби таъмини он ва талаби мақомот аз сокинон дар ин маводи “Азия-Плюс” хонед: “Барқро дар як вақт аз 5 кВт зиёд истифода накунед”. Ҷузъиёти қарори расман ҷорӣ шудани “лимит”-и барқ дар кишвар.





Шикояти тоҷири ӯзбек аз кори гумруки Тоҷикистон. Муовини сарвазири Ӯзбекистон гуфт, "мо ҳам посухи ҳамсон медиҳем".
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 январи соли 2026
Соли гузашта дар Тоҷикистон аз ҳама бештар кадом маҳсулот истеҳсол шуд?
Чаро пӯст дар Тоҷикистон хеле кам коркард мешавад?
Кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳам соҳиби иди касбӣ шуданд
Мақомот аз се муноқиша дар “Парламент” гуфтанд, вале аз занозанӣ бо ширкати додситони собиқи Бӯстон ишорае накарданд
Кай дар Тоҷикистон суғуртаи ҳатмии тиббӣ ҷорӣ мешавад?
Натиҷагирӣ аз соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026. Дар маҷлиси солонаи ҳукумат чӣ гуфтанду чӣ шуниданд?
Аз Кумитаи дин гуфтанд, имсол моҳи Рамазон кай фаро мерасад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста