Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав дар посух ба онҳое, ки аз ҳузури муҳоҷирон ва соҳибтахассусу забондон набуданашон шикоят мекунанд, тавсия дод, ки ба даст ҷорӯб гирифта, ба ҷои муҳоҷирон ба тоза кардани кӯчаҳои Маскав бароянд.
“Ман ба чунинин коршиносон тавсия медиҳам, агар ин қадар шавқманд ҳастанд, ҷорӯб ба даст гиранд ва бо диплому рисолаи доктории худ барои кор ба хиёбонҳои Маскав раванд. Ман фикр намекунам, ки онҳо ин корро кунанд. Пас кӣ ин корро мекунад? Яъне, мо муҳоҷиронро бо дипломи олии касбӣ ҷалб кунем, ки ҷойҳои сокинони соҳибихтисоси Маскавро гиранд. Оё сокинони Маскав бо ҷорӯб кӯчаҳоро тоза мекунанд? Ман ин мантиқро намефаҳмам”, - гуфтааст шаҳрдори Маскав.
Ӯ дар як барномаи телевизионӣ рӯзи 3-юми декабр афзудааст, “Худоро шукр, ҳастанд муҳоҷироне, ки чунин кори сахт ва ихтисоси пастро ба уҳда мегиранд”.
Собянин илова кардааст, ки аз соли 2018 теъдоди муҳоҷирон дар Маскав тағйир наёфта, афзоиши густурдаи муҳоҷирон ҳам вуҷуд надорад.
Ҳамзамон, ӯ ба омори ВКД-и Русия такя карда, гуфтааст, бо вуҷуди афзоиш ёфтани ҷинояткорӣ дар Русия “ҷиноятҳои содиршуда аз ҷониби муҳоҷирон коҳиш ёфтааст”.
"Шумораи ҷиноятҳои вазнин, аз қабили роҳзанӣ, куштор ва дуздӣ, ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Роҳзанӣ 7,5 маротиба ва куштор 2 маротиба коҳиш ёфтааст. Ҷинояте, ки аз ҷониби муҳоҷир содир шудааст, кадом аст? Бояд аввал инро ошкор кард, исбот кард ва сипас муайян кард, ки онҳо русҳо ё муҳоҷирон буданд. Дар айни замон, масоҳати Маскав ва аҳолии он афзоиш ёфтааст. Шумораи ҷиноятҳои хатарнок нисбати сокинон коҳиш ёфтааст", - гуфтааст Сергей Собянин.
Вале ӯ афзудааст, ки ин маънои онро надорад, ки "ҳама чиз хуб аст ва ҳама хушбахтанд."
Собянин изҳор доштааст, ки бо вуҷуди ин шаҳрдории Маскав ҷараёни муҳоҷиратро назорат мекунад.

Эътирофи заҳмати муҳоҷирон аз сӯи шаҳрдори Маскав дар ҳолест, ки дар Русия рӯз то рӯз норасоии шадиди қувваи корӣ ба мушоҳида расида, мақомоти маҳаллӣ ҳарчи бештар маҳдудиятҳоро барои ҷалби муҳоҷиронро бозбинӣ мекунанд. Дар бахшҳои хӯроки умумӣ, кишоварзӣ, логистика ва хоҷагии манзилию коммуналӣ муҳоҷирони меҳнатӣ ба нерӯи ивазнашаванда табдил ёфтаанд. Зеро шаҳрвандони Русия намехоҳанд кори вазнин ва каммузд анҷом диҳанд.
Ин аст, ки вилоятҳо маҳдудиятҳое, ки қаблан барои муҳоҷирон дар кор дар соҳаҳои гуногун ҷорӣ карда буданд, оҳиста -оҳиста лағв ва эътироф мекунанд, ки бе муҳоҷирон иқтисоди ин кишвар пеш намеравад.




Шикояти тоҷири ӯзбек аз кори гумруки Тоҷикистон. Муовини сарвазири Ӯзбекистон гуфт, "мо ҳам посухи ҳамсон медиҳем".
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 январи соли 2026
Соли гузашта дар Тоҷикистон аз ҳама бештар кадом маҳсулот истеҳсол шуд?
Чаро пӯст дар Тоҷикистон хеле кам коркард мешавад?
Кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳам соҳиби иди касбӣ шуданд
Мақомот аз се муноқиша дар “Парламент” гуфтанд, вале аз занозанӣ бо ширкати додситони собиқи Бӯстон ишорае накарданд
Кай дар Тоҷикистон суғуртаи ҳатмии тиббӣ ҷорӣ мешавад?
Натиҷагирӣ аз соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026. Дар маҷлиси солонаи ҳукумат чӣ гуфтанду чӣ шуниданд?
Аз Кумитаи дин гуфтанд, имсол моҳи Рамазон кай фаро мерасад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста