Падари хонаводае, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ кушта шуд, бо “Азия-Плюс” суҳбат ва баъзе ҷузъиёти қатли ҳамсар ва се фарзандашро бо такя ба гуфтаҳои пайвандону ҳамсояҳо ва мақомот ошкор кард. Ӯ мегӯяд, гумонбари аслии куштор ҳамсояи солҳо бо хонаводааш рафтуомаддошта буда, ҳадафаш ба даст оварди пул будааст. Пайвандони гумонбари асосӣ дастрас нестанд, аммо модари яке аз гумонбарони боздоштшуда, иттиҳом алайҳи писарашро қабул надорад.
Куштори пурсарусадои як зан ва се фарзанди ноболиғи ӯ дар деҳаи Дарёободи ноҳия Рӯдакӣ шаби 5-ум ба 6-уми сентябр содир шуда, пас аз ду рӯз, 8-уми сентябр расонаӣ гардид. Баъди ин куштори мармуз сокинони деҳа ба тарсу изтироб афтоданд ва атрофи он сарусадо зиёд шуд. Як рӯз баъд аз ба хок супоридани ҷасадҳо, хабарнигорони “Азия-Плюс” ба ин деҳа рафтанд ва бо ҳамсояҳои хонадони кушташуда суҳбат карданд, аммо ғайр аз дар чӣ шароит ошкор шудани ҷасадҳо ва таъкиди кормандони мақомоти тафтишотӣ дар бораи эҳтиёткориву ироаи маълумот, дигар ҷузъиёт ошкор нагардид. Он замон ба хабарнигорони мо муяссар нашуд, ки бо падари хонаводаи кушташуда суҳбат кунанд.
Дар ин миён, мақомот бо нашри маълумоти расмӣ аз боздошти ду гумонбар дар ин куштор хабар доданд.
Зимни сафари дуюм, хабарнигорони “Азия-Плюс” бо Ҳалим Иброҳимов, падари хонадон, ки замони куштор дар Русия, дар муҳоҷирати корӣ буду баъди ҳодиса ба деҳа баргашт, суҳбат карданд. Ӯ баъзе ҷузъиёти қатли ҳамсар ва се фарзандашро бо такя ба гуфтаҳои пайвандону ҳамсояҳо ва мақомот ошкор кард.
“Сайфулло даст пеши бар “акои Ҳалим” мегуфт”
Ҳалим Иброҳимов гуфт, бар асоси маълумоти то ин лаҳза дастраскардааш, дар робита ба куштори зану се фарзандаш ду нафар боздошт шудаанд, аммо ӯ тахмин мекунад, ки дар ин ҷиноят нафарони дигар низ даст доранд.
Тибқи маълумоти нашркардаи ВКД, дар робита ба ин куштор ду гумонбар - Сайфулло Азимов ва Нӯъмон Саидов боздошт шудаанд.
Ҳалим Иброҳимов мегӯяд, Сайфулло Азимов ҳамсояаш аст, ки як хона болотар аз хонаи ӯ хона дорад.
“Оилаи Сайфулло бо оилаи мо рафтуомад доштанд. Ӯ ба ман даст пеши бар “акои Ҳалим” гуфта, муроҷиат мекард. Аз мо ҳезуму ширу ҷурғот мегирифтанд. Зану модараш ба хонаамон меомаданд. Аз ҳолу асрори мо огоҳ буданд. Душмание надоштем ва вақте аз боздошти ӯ огоҳ шудам, дар оғоз бовар накардам”, - гуфт Иброҳимов.
Ӯ зикр кард, ки гумонбари дуюмро намешиносад, зеро аз деҳаи дигар аст, аммо тибқи иттилое, ки дастрас кардааст, ӯро вақти кӯшиши убури сарҳади давлатӣ ва фирор ба Ӯзбекистон боздошт кардаанд.
Мақомот дар бораи шеваи боздошт ҷузъиёте надодаанд ва маълум нест, ки то куҷо ин иддаои Иброҳимов боэътимод аст.
Аммо Ҳалим Иброҳимов таъкид мекунад, ки “ба эҳтимоли зиёд, ин куштор кори ду нафар нест, дар он нафарони бештар шариканд, зеро фарзандонам боқуватанд ва зӯри ду нафар ба онҳо намерасид”.
Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ менависад, ки дар робита ба ин куштор чор нафар боздошт шудаанд.

“Агар медонистам, занҷирбанд мекардам”
Маърифат Мирзоева, модари Нӯъмон Саидови 16-сола дар суҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” иттиҳоми даст доштани писараш дар ин кушторро рад карда, гуфт, “ӯ ба чунин кор даст зада наметавонист”.
“2-3 рӯзи охир писарам дар хона буд. Шаби 5 ба 6-уми сентябр ҳам дар хона буд. Чизеро намефаҳмам, дар ҳайратам”, - гуфт Мирзоева.
Мирзоева тасдиқ кард, ки бо Сайфулло пайванди хешӣ доранд. Духтараш ҳамсари додари Сайфулло будааст, мегӯяд, ҳоло духтараш дар хонаи шавҳараш аст.
“Як писар дорам. Намедонам ӯ (Сайфулло дар назар аст.-аз идора) писарамро бурда, чӣ кор кардааст. Агар чизеро медонистам, писарамро занҷирбанд мекардам”, - мегӯяд Мирзоева.
Ӯ дар сарҳади Ӯзбекистон боздошт шудани писарашро рад карда, гуфт, “бо даъвати мақомот, худам Нӯъмонро ба шуъбаи ВКД бурдам”.
“Бо корду болға зада куштаанд”
Ҳалим Иброҳимов мегӯяд, бори охир бо хонаводааш рӯзи куштор тамос гирифта буд. Баъди он, дигар натавонист бо онҳо тамос гирад.
“Хавотир шудам ва рӯзи 8-уми сентябр ба зани ҳамсоя занг зада, хоҳиш кардам, ки аз хонаводаи ман хабар гирад. Бори аввал ӯ дар хона касеро пайдо накард ва барқ ҳам хомӯш буд. Бори дуюм хоҳиш кардам, ки ба хона равад. Ин бор ҳамсоязан бо додари Сайфулло, ки ҳоло гумонбар аст, ба хонаи мо рафт. Онҳо мебинанд, ки дари хона мехкӯб аст. Барқро рӯшан карда, мехҳои дарро мекананд ва вориди хона мешавад, ки миёни тӯдаи кӯрпаҳо писарам Шарафи 12-соларо бо даҳону бинии баста бо "скотч" мебинанд”, - нақл кард Иброҳимов.

Давоми муддате, ки зани ҳамсоя бо додари Сайфулло вориди хона мешавад, ӯ дар хати тамос будааст ва вақте фиғони занро мешунавад, дарк кардааст, ки ҳодисаи нохуше рух додааст.
“Баъдтар аз ҳамсояҳо шунидам, ки Шарафро аввал бо босқон (болғаи калону вазнин) задаанд ва баъд баъдан буғӣ кардаанд”, - зикр кард ӯ.
Баъди дидани ҷасади Шараф, ҳамсояҳои дигар, раиси маҳалла ва пулисро даъват мекунанд ва ҷасади аъзои дигар оила пайдо мешавад.
Ба нақли ин падар, духтари калониаш Ҳабибаи 16-соларо низ аввал бо болға, баъд бо корд зада, ҷасадашро дар рӯйи ҳавлӣ, дар ҷӯй мепартоянд ва бо алафҳои аз полез канда, пинҳон мекунанд.

Ҷасади ҳамсараш Шаҳло Назарова, каме болотар аз духтари калонӣ бо захми 17 корд ёфт мешавад.
“Ба ман гуфтанд, ки Сайфулло аввал занамро буғӣ карданӣ шудааст, аммо Шаҳло аз дастонаш халос шуда, ӯро ба замин тела медиҳад. Баъдан Сайфулло ба бачаи ҳамроҳаш (Нӯъмон дар назар аст.- аз идора) супориш медиҳад, ки бо корд кушад”, - гуфт Иброҳимов.
Ба гуфтаи Иброҳимов, ҳангоми ташхис аз зери нохуни ҳамсараш пӯсти Сайфуллоро меёбанд ва маҳз ин далел ӯро гумонбари ҳодиса мекунад.
Ин падар мегӯяд, Ҳамидаи 14-соларо дар анбор бо корду болға зада, мекушанд ва ҷасадашро ба танӯр партофта, оташ заданӣ мешаванд. Ба рӯяш хасу хошок мерезанд, аммо оташ аланга намегирад.

Иброҳимов мегӯяд, ҷасади зану фарзандонашро надидааст, вале иддаои таҷовуз шудани духтарҳояшро рад мекунад.
“Ҷойи пулро ҳам медонистаанд”
Иброҳимов бовар дорад, ки гумонбарон бо мақсади ғорат ва бо нақшаи пешакӣ вориди ҳавлии ӯ шудаанд.
“Гумонбарон вақти истинтоқ гуфтаанд, “фикр кардем, дар хона пули бисёр ҳаст”. Мо танҳо 22 ҳазор сомонӣ доштем. 6 ҳазор сомониаш пули гови фурӯхтаамон буд, 16 ҳазор сомонӣ музди меҳнатам, ки пештар фиристода будам. Мехостем хонаи нав созем. Аммо ҷинояткорон ҳама пулҳоро гирифтаанд”, - гуфт ӯ.
Иброҳим мегӯяд, миёни ҳавлии ӯ ва Сайфулло як ҳавлии беодам ҳаст ва бо такя ба нақли ҳамсояҳо таъкид мекунад, ки қотилон аввал аз болои девор ба он ҳавлӣ гузашта, хоб кардани оилаашро интизор шудаанд.
“Пас аз хомӯш шудани барқ, бо зина аз болои девор гузашта, ба ҳавлии ман даромадаанд. Занам бедор будааст ва садои пойро шунида, ба берун мебарояд. Сайфулло гуфтааст, ки ба хонаашон сарбозшикор барои бурдани ин бача (Нӯъмон дар назар аст.-аз идора) омадаасту онҳо гурехтанд. Занам онҳоро дар хонае ҷой мекунад. Сайфулло ӯро барои санҷиши вазъ ба кӯча мефиристад ва вақти бозгашт мекушад”, - гуфт ӯ.
Иброҳимов мегӯяд, вақти дарёфти ҷасадҳо рӯйи ҳавлӣ тоза рӯбучин шуда, изи хун набуд. Ба андешаи ӯ, ҷинояткорон фурсати зиёд доштаанд, то ҳама ҷойро тоза карда, дарҳоро мех зананд.
“Ҷойи пулҳоро ҳам медонистаанд. 22 ҳазор сомониро аз миёни кӯрпаҳову ҷевон гирифтаанд”, - гуфт Ҳалим Иброҳимов.

“Сайфулло ба ҷаноза ҳам рафта буд”
Иброҳимов гуфт, бо боздоштшудаҳо рӯбарӯ нашудааст, аммо Сайфулло ба маросими ҷаноза, ки дар Файзобод гузашт, рафтааст.
Сайфулло ҳамроҳи ҳамсараш ба таъмири хонаҳо машғул буд. Пештар ба Русия ба муҳоҷирати корӣ мерафт, аммо чанд сол пеш аз ин кишвар ихроҷ шуд.
“Баъди боздошт касе аз пайвандони Сайфуллоро надидам”, - гуфт Иброҳимов.
Талоши мо барои пайдо кардани пайвандони Сайфулло Азимов бесамар анҷомид.
Чанд нафар аз ҳамсояҳо аз оилаи Сайфулло “чун оилаи хуб” ном бурданд, аммо худи Сайфуллоро хуб намешинохтаанд. Ба иттилои мақомот, Сайфулло доғи судӣ дорад ва аз бонк қарздор аст.

Дарҳо дигар баста нестанд
Баъди нашри хабар дар бораи боздошти гумонбарон дар ин куштор, сокинони деҳаи Дарёобод мегӯянд, осуда шудаанд.
Ганҷина Пирова, як сокини ин деҳа мегӯяд, баъди шунидани хабари куштор ҳамроҳи оилааш ба шаҳр рафта буд ва танҳо пас аз боздошти ду гумонбар, дубора ба манзилаш дар деҳа баргашт.

Мушоҳида мешавад, ки хонаҳо дар деҳа мисли рӯзҳои аввали куштор, дарбаставу кӯчаҳо холӣ нест. Сокинони деҳа ба оҳистагӣ ба ҳаёти муқаррарӣ бармегарданд.
Мақомот иттилои бештар ироа намекунад ва маълум нест, ки тафтишот дар кадом марҳила аст.






Tarona Music Award - 2025: Скоро зажжём!
Синоптики предупреждают о сильных осадках в Таджикистане в начале следующей недели
Сироджиддин Мухриддин обсудил двусторонние отношения с министрами Финляндии и Венгрии в Вене
IM GROUP стал официальным партнёром Tarona Music Award-2025
Как таджики защищали Москву от фашистов в 1941-ом году
Александр Крестинин покинул «Худжанд»: клуб снова в поиске тренера
Tcell и ESCS объявляют о стратегическом партнерстве для запуска новой эры интерактивного гейминга в Таджикистане
Гособвинитель требует пожизненного заключения для Саифулло Азимова, обвиняемого в убийстве семьи в Рудаки
Центробанк России снимет ограничения на перевод денег за границу
Мэр Москвы посоветовал взять в руки метлу тем, кто недоволен мигрантами
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста