Дар ҷараёни сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон имзои 27 созишномаҳои дуҷониба байни давлатҳо дар назар аст.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, созишнома дар бораи ҳузури шаҳрвандони ҳарду кишвар дар қаламрави ҳамдигар ба муҳлати то як моҳ бидуни раводид (виза) аз ҷумлаи муҳимтарин созишнома маҳсуб меёбад.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар бораи таъйин ва аломатгузории сарҳадии давлатии кишварҳо созишнома ба имзо расонида, ба масъалаи қитъаҳои баҳсноки марз хотима мебахшанд.

Имзои санад дар бораи аз ҷониби Ӯзбекистон пешниҳод шудани қарзи имтиёзнок дар ҳаҷми 100 млн. доллар низ дар назар буда, он ба рушди муносибатҳои байни сохторҳои тиҷоратии ҳарду кишвар равона мегардад.

Ҳамчунин дар бахшҳои нақлиёту коммуникатсия, аз ҷониби Ӯзбекистон маблағгузорӣ шудани сохтмони як мактабу як бемористон дар минтақаҳои Тоҷикистон низ ба нақша гирифта шудааст.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки сарони кишварҳо маросими ифтитоҳи намоишгоҳи молу маҳсулоти Ӯзбекистон доир мегардад. Санаи 8 март дар Душанбе ҳамоиши тиҷоратии доираҳои кории Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор шуд, ки дар кори он соҳибкорону тоҷирони маъруфи тоҷику ӯзбек ширкат варзиданд.

Аз рӯи натиҷаҳои ҳамоиши тиҷоратӣ ва намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ӯзбекистон дар Душанбе ба маблағи беш аз 140 млн. доллар қарордолдҳо ба имзо мерасанд, хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз ҳукумати Тоҷикистон.

«Баъди дидору гуфтушуниди имрӯзаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ин маблағ метавонад зиёдтар шавад», - гуфт манбаъ.

Қобили зикр аст, ки соли 2017 ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 126 млн. долларро ташкил дод, ки аз ин миқдор 69 млн. доллар ба воридоти молу маҳсулот аз Ӯзбекистон ва 57 млн. доллар ба содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя рост меояд.

Сарвари давлати Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суби имрӯз ба Душанбе ташриф меорад. Дар роҳ аз фурудгоҳи пойтахт то қароргоҳи муваққатӣ, ки дар ҷараёни сафар қароргоҳи ҳукумати Тоҷикистон мешавад, президенти Ӯзбекистонро ҳазорон сокинони пойтахт бо парчамҳои давлатии ҳарду кишвар ва шиору лавҳаҳо пешвоз мегиранд.

Маросими расмии пешвози меҳмони олимақом наздикии нимаи рӯз дар Кохи миллат доир гардида, сипас вохӯрии танҳо ба танҳои сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор мешавад.

Пас аз ин вохӯрии васеи ҳайатҳои расмии кишварҳо доир гардида, дар фарҷоми он маросими имзои созишномаҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор мешавад.

Сипас сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон барои васоити ахбори умум изҳороти муштараки худро пешниҳод мекунанд.

Қарибиҳои бегоҳ Шавкат Мирзиёев ба пояи муҷассамаи асосгузори нахустин давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар мегузорад.

Пас аз ин сарони кишварҳо дар марҳилаи хотимавии форуми иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар коҳи «Истиқлол» ва маросими ифтитоҳи намоишгоҳи молу маҳсулоти Ӯзбекистон дар маҷмааи варзишии «Манеж» иштирок мекунанд.

Шоми имрӯз сарони кишварҳо ва ҳайати расмии давлатҳо, намояндагони доираҳои дипломатии муқими Душанбе ва аҳли ҷомеаи Тоҷикистон дар консерти устодони санъати ҳарду кишвар таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» дар Кохи Борбад ширкат меварзанд.

Баъди анҷоми консерт президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шахсан Шавкат Мирзиёевро бо толорҳои маҷмааи «Кохи Наврӯз» шинос мекунад.

Нимаи аввали рӯзи 10 март Шавкат Мирзиёев дар қароргоҳи муваққатии худ бо раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва нахуствазири кишвар Қоҳир Расулзода дидору гуфтушунид мекунад.

Президенти кишвари ҳамсоя Шавкат Мирзиёев нимаи дуюми санаи 10 март ба Тошканд раҳсипор мегардад.