Субҳи имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ, ифтитоҳи як зумра иншооти ҳаётан муҳим ва боздид аз хоҷагиҳои кишоварзӣ ба вилояти Хатлон раҳсипор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа Эмомалӣ Раҳмонро оҳбарият, фаъолон  ва  сокинони  шарафманду  меҳнатдӯсти  вилоят  бо  самимияти хос ва рӯҳияи болида истиқбол гирифтанд.

Сафари кории Сарвари давлат аз ноҳияи Бохтар оғоз гардида, дар ин ҷо ӯ нахуст бо фаъолияти аҳли заҳмати кооперативи тиҷоратии «Сомон» шинос шуд. Маълумот дода шуд, ки аз майдони умумии хоҷагӣ 4,7 гектарашро боғ, 2 гектарашро лиму, 30 гектарашро пахта ва 15 гектари дигарашро юнучқа ташкил медиҳад.

Дар ҷамоати деҳоти «Заргар»-и ноҳия Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи сардхонаи замонавӣ иштирок кард. Сипас Президенти мамлакат дар ҷамоати деҳоти “Заргар” дар намоиши маҳсулоти кишоварзии хоҷагидорону барзгарони ин ноҳияи калони аграрии ҷумҳурӣ ширкат варзид.

Дар чаҳорчӯби боздиди корӣ аз ноҳияи Бохтар Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Комсомоли ҷамоати деҳоти Заргари ноҳия дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 барои 1320 ҷойи нишаст дар ду баст ширкат варзида, бо хонандагону омӯзгорон суҳбати гарму самимӣ орост ва муҳассилинро ба омӯзиши густурдаи илмҳои замонавӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамшуда ҳидоят намуд.

Зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Бохтар Сарвари Давлат изҳор намуд, ки саҳми ноҳияи Бохтар ҳамчун яке аз ноҳияҳои калонтарини кишоварзиву саноатии вилояти Хатлон дар пешрафти иқтисоди миллӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ хеле арзишманд мебошад.

Зикр гардид, ки сохтмон ва таҷдиди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, роҳҳои дохилӣ, хатҳои нерӯи барқ, муассисаҳои таълимиву иҷтимоӣ, аз ҷумла Донишкадаи энергетикӣ, Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқат, дигар иншооти муосири соҳаи маориф ва марказҳои хизматрасонӣ симои ноҳияро дар муқоиса бо солҳои пеш хеле ободу зебо гардонидаанд.