Ҳаҷимэ Китаока, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо генерал Рустам Назарзода, сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва инчунин роҳбарони ситодҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ ва Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар маросими анчомёбии “Лоиҳаи дастрас намудани 4 адад техникаи барфтозакунӣ”, ки дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP) амалӣ гашт, ширкат варзиданд.

Бино ба маълумоти иттилоияи расмии сафорати чопон дар Тоҷикистон, маросими мазкур бо намояндагони ситодҳои фавқузикр ба хотири бомуваффақ иҷро шудани лоиҳа, бо маблағи умумии 401,820 доллари ИМА роҳандозӣ шуд.

Гуфта мешавад, сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон, бо таваҷҷуҳ ба пайомадҳои боришоти зиёди барф дар зимистони гузашта дар Тоҷикистон, ки боиси  фаромадани тармаҳои зиёд, баста шудани роҳи нақлиёт ва талафоти ҷонӣ гардид, ба ситодҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҳар як вилоят, 4 адад техникаи барфтозакуниро хамчун ҳадя пешниҳод намуда акнун ситодҳо имкон доранд, ки оқибатҳои офатҳои табииро коҳиш дода, раванди барқарорсозии нақлиётро зудтар амалӣ созанд. 


Дар рафти маросим ҷаноби Kитаока самимона табрикоти хешро баҳри бомуваффақ амалӣ шудани лоиҳаҳо иброз дошта, изҳори умедворӣ намуд, ки лоиҳаҳои мазкур на танҳо дар таъмини муҳити устувор барои ҷамоатҳои маҳаллӣ, балки барои ҳаллу фасли масоили мубрами бахши аъзами аҳолии минтақаҳои мухталиф кумак мерасонанд. Мақомотҳои пазиранда дар навбати худ, суханони миннатдории хешро ба ҳукумат ва мардуми Ҷопон барои дастгирӣ изҳор намуданд.


Биноан, ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ дар ҳамкорӣ бо мардуми Тоҷикистон баҳри бунёди ҷомеаи беҳтар кӯмаки хешро идома медиҳад.

Маълумотнома: Кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP) тарҳи Барномаи расмии Ҷопон оид ба рушд мебошад. Алалхусус, лоиҳаҳои кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ барои дастгирӣ намудани соҳаҳои мухталифи бахши аъзами аҳолӣ дар сартосари Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шуда ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, ҳамчунин ба созмонҳои ғайридавлатӣ расонида мешавад. Аз соли 1996 то инҷониб, кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ 383 лоиҳаро ба маблағи умумии $30.9 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.