Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои саҳмгузорӣ дар мубориза бо истеъмоли тамоку ба медали Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) қадрдонӣ карда шуд. Дар ин бора CA-NEWS бо истинод ба Маркази матботи СММ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ин мукофот ҳамасола ҳам ба шахсони ҷудогона ва ҳам созмону ташкилотҳо ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии бидуни тамоку, ки 31 май ҷашн гирифта мешавад, такдим мегардад.

Ба ақидаи коршиносони СҶТ, Сарвари давлати Тоҷикистон мубориза бо тамокукаширо ба самти афзалиятноки сиёсати ҳукумат табдил дода, бо мусоидати ӯ 2 январи соли равон қонуни зидди тамоку таҳия шуд.

Дар қонун манъи истеъмоли тамоку дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, талаби ҷой доштани навиштаҷоти огоҳӣ дар бораи зарари тамоку дар қуттиҳо, танзими истеъмоли навъҳои гуногуни тамоку, манъи рекаламаи маснӯоти тамоку ва сарпарастӣ аз ҷониби истеҳсолкунадагони он пешбинӣ шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.