Масъулини Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғи аҳолии Тоҷикистон боздошту таъқиб ва фишорҳои охир болои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русияро ба амалиёти махсуси “Нелегал”-и мақомоти қудратии ин кишвар рабт дода, гуфтанд, муҳоҷирони тоҷикро дар бораи “рейд”-ҳо огоҳ карда буданд.

Давоми чанд моҳи охир, фишору таъқиби муҳоҷирони тоҷик аз сӯи маъмурони интизомии Русия афзоиш ёфта, боиси нигаронӣ дар Тоҷикистон гардид.

Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии имрӯза, 10-уми август, дар шарҳи боздошту тақиб ва фишори мақомоти қудратии Русия болои муҳоҷирони кории тоҷик гуфт, ин масъала дар моҳҳои май ва июни соли равон дар доираи амалиёти махсуси “Нелегал”, ки ҳадафаш пешгирии будубош ва кори ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ дар дохили кишвари мизбон аст, сурат гирифтааст.

Ӯ гуфт, қабл аз оғози амалиёт мақомоти қудратии Русия ҷониби Тоҷикистонро дар ҷараён гузошта буданд ва онҳо тавассути намояндагии вазорат дар Русия, диаспораҳои муҳоҷирон оид ба баргузории “рейд“-у санҷишҳо огоҳ карда буданд.

Муовини вазир афзуд, Русия бори охир соли 2019 амалиёти “Нелегал” гузаронида шуда буд ва баъди ин гузаронидани он муваққатан манъ шуда буд.

“Дар соли 2023 мақомоти Русия баргузори амалиётро барқарор карданд ва пешакӣ ҳамаи сафоратхонаҳое, ки дар Русия амал мекунанд, аз ҷумла сафорат ва намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлӣ аҳолии Тоҷикистон дар Русияро огоҳ карда буданд. Тавассути намояндагии мо ҳамаи диаспораҳои тоҷикон дар Русия огоҳ шуда буданд. Ҳамчунин, бо теъдоди зиёди муҳоҷирон вохурӣ гузаронида, онҳоро дар бораи рейдҳо огоҳ карда будем”, - афзуд Шаҳноза Нодирӣ.

Номбурда гуфт, бо вуҷуди ин, теъдоди муайяни шаҳрвандони Тоҷикистон, ки будубош ва фаъолияти онҳо дар Русия ба қонунгузории ин кишвар мувофиқат намекард, ошкор гардид.

Фаъолият бо иҷозатномаи муҳлати амалаш гузашта ва расман қайд накардани макони будубошро аз маъмултарин ҳуқуқвайронкуниҳое унвон кард, ки давоми ин амалиёт ошкор шудаанд.

Шаҳноза Нодирӣ

Аммо ӯ нагуфт, ки дар натиҷаи ин амалиёт чанд муҳоҷири тоҷик аз Русия ихроҷ карда шуд.

Шаҳноза Нодирӣ гуфт, чунин санҷишҳо на танҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон дахл дошт, балки шаҳрвандони Ӯзбекистон, Қирғизистон ва ҳатто худи Русия, махсусан сокинони Чеченистон ва Тотористон низ тариқи ин амалиёт санҷида шуданд.

“Аз ин рӯ, набояд гуфт, ки ин фишор танҳо болои шаҳрвандони Тоҷикистон буд. Танҳо ВАО, аз ҷумла ВАО-и Русия ин воқеаҳоро муболиға карданд. То ҳол ВАО-и Русия дар баъзе аз минтақаҳои Русия ин масъаларо мебардоранд. Дар сатҳи ҳукумати Русия низ ин масъалаҳо бардошта мешавад”, - гуфт ӯ.

Қаблан, Хайриддин Усмонзода, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон ҳам “шикор”-и муҳоҷирони тоҷикро дар Русия “пешгирии фаъолияти ғайрирасмии меҳнатӣ дар ин кишвар” унвон карда, гуфта буд, ки набояд “ба он пӯшиши сиёсӣ дод”.

Ёдовар мешавем, ки давоми чанд моҳи охир, кормандони мақомоти интизомии Русия муҳоҷирони тоҷикро дар ҳар ҷо – бозор, ҷойи кор, масҷид, ба шеваи ғайримақбул ва дар баъзе ҳолат таҳқиромез боздошту латукӯб мекунанд.

Кор ба ҷойе расидааст, ки кормандони мақомоти амниятии Русия ҳатто донишҷӯёни тоҷикро бе сабаб латукӯб намуда, бо гузашти моҳҳо сабаби чунин рафтори худро шарҳ надодаанд.

Дар пайи латукӯби донишҷӯён ва боздоштҳои оммавии муҳоҷирони тоҷик дар Русия, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Семён Григорев, Сафири Русия дар Тоҷикистонро ба бинои вазорат даъват ва нигаронии худро аз бархӯрди номуносиб бо донишҷӯёну муҳоҷирони тоҷик иброз намуд.

Инчунин, вазири корҳои дохилӣ, додситони кулл ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо ирсоли мактуб ба ҳамтоёни руси худ таҳқиқи одилонаву холисонаи латукӯбу боздошти оммавии донишҷӯёну муҳоҷирони тоҷикро талаб карданд.

Бархе коршиносон гуфтанд, муҳоҷирони меҳнатӣ давоми даҳсолаҳост, ки ба як василаи аслии фишори Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, махсусан Тоҷикистон ҷиҳати дастёбӣ ба ҳадафҳои сиёсӣ табдил ёфтааст ва ин аввалин маротиба нест, ки Русия аз ин “фишанг” истифода мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.