Президенти Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) Ҷонни Инфантино гуфтааст, Арабистони Саудӣ, Яман, Баҳрайн, АМА, Миср ва Мавритания талаб доранд, ки Ҷоми ҷаҳонии футбол - 2022 дар Қатар баргузор нашавад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ба иддаои кишварҳои араб, Қатар "ҷонибдор"-и терроризм буда, наметавонад амнияти мухлисонро ҳангоми баргузории бозиҳо таъмин кунад. Шашгона гуфтааст, дар сурати рад шудани талабаш мусобиқотро таҳрим мекунад.

Инфантино гуфтааст, талаби ин кишварҳо бино бар банди 85-уми низомномаи ФИФА ("ҳолатҳои ғайричашмдошт") сурат гирифтааст, ки ба раҳбарияти созмон ҳақ медиҳад, мусобиқотро манъ ё маҳалли баргузории онро иваз намояд.

Президенти ФИФА ҳамчунин илова кардааст, ки кишварҳои мазкур омодаанд, дар робита ба мизбонӣ аз Ҷоми ҷаҳонии футбол 2022 миёни кишварҳои узв назарпурсӣ гузаронанд.

Саудия, Баҳрайн, АМА ва Миср 5 июн робитаҳои дипломатиро бо Қатар қатъ карда, Доҳаро дар ноором сохтани вазъи дохилии кишварҳои араб ва ҳимоят аз терроризм айбдор карданд. Дертар ба сафи онҳо Молдив, Яман, Мавритания, Маврикий, Иттиҳоди ҷазираҳои Қамар ва Либия ҳамроҳ гаштанд. Қатар иддаои ҳамсояҳои худро рад карда, амали онҳоро дастдарозӣ ба соҳибихтиёрии Доҳа номид.

Қатар ҳаққи мизбонӣ аз Ҷоми ҷаҳонии футболро 2 декабри соли 2010 дарёфт карда буд.