Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ба қонун “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”-ро қабул кард, ки тибқи он ҳамакнун ҳизбҳои сиёсӣ аз буҷети давлатӣ низ маблағгузорӣ мешавад. Ин чӣ гуна тағйирот аст ва дар асл, аз кадом ҳисоб ҳизбҳо маблағгузорӣ мешаванд?

Чӣ тағйир ёфт?

Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон зарурати қабули тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшударо ба вакилон “таҳкими низоми бисёрҳизбӣ, шаффофияти фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, беҳтар гардидани мақоми кишвар ҳамчун давлати демократӣ дар арсаи байналмилалӣ” маънидод кард.

Ташаббускорони тағйирот иловаи моддаи нав ба қонунро пешниҳод мекунанд, ки мувофиқи он буҷети давлатӣ сарчашмаи иловагии маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ мешавад.

Дар моддаи нав дастгирии якдафъаинаи ҳизбҳое, ки дар интихоботи парлумонӣ аз 5% бештар овози интихобкунандаро соҳиб мешавад, пешбинӣ шудааст.

Ҳаҷми маблағгузорӣ 7%-и як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба ҳар як овози гирифтаро ташкил медиҳад.

Бо назардошти ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли равон (72 сомонӣ), ҳизбҳое, ки аз 5% зиёдтар овоз ба даст меоранд, барои ҳар як овоз 5,04 сомонӣ маблағ гирифта метавонанд.

Қобили зикр аст, ки маъракаи навбатии интихоботи парлумонӣ дар ҷумҳурӣ моҳи марти соли 2025 дар назар аст.

Интихоботи гузашта моҳи марти соли 2020 баргузор шуд. Тибқи маълумоти расмӣ, он замон 86,4% аҳолии қобили интихоб ё худ 4 млн 245 ҳазор интихобкунанда дар интихобот иштирок карданд.

Он замон Ҳизби ҳокими халқии демократӣ ба касби 50,4%, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ - 16,6%, Ҳизби аграрӣ - 16,5%, Ҳизби сотсаиалистӣ - 5,1% ва Ҳизби демократӣ - 5,1% даст ёфтанд.

Ҳизби коммунистӣ (3,1%) ва Ҳизби сотсиал-демократӣ (0,32%) ба дарёфти зиёда аз 5%-и овозҳо ноил нагардида, мутаносибан тибқи рӯйхати ҳизбӣ дар парлумон соҳиби курсии вакилӣ нашуданд.

Ба гунаи мисол, бо назардошти нишондиҳандаи феълӣ барои ҳисобҳо ва натоиҷи интихоботи ахир, инчунин тағйирот ба қонун, ҳизбҳои сиёсӣ як дафъа аз буҷет ба миқдори зерин маблағгузорӣ мешуданд:

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон - ҳудуди 10,8 млн сомонӣ (наздики 1 млн доллар);

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон - ҳудуди 3,6 млн сомонӣ (325 ҳазор доллар);

Ҳизби аграрии Тоҷикистон - зиёда аз 3,5 млн сомонӣ (323 ҳазор доллар);

Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва Ҳизби демократии Тоҷикистон - ҳар кадоме 1,1 млн сомонӣ (ҳудуди 100 ҳазор доллар).

Дар умум, аз буҷети давлат зиёда аз 20 млн сомонӣ (беш аз 1,8 млн доллар) маблағ ҷудо карда мешуд.

Аммо гуфтан лозим аст, ки нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳамасола ба буҷети соли минбаъда муқаррар шуда, метавонад тағйир ёбад (зиёд шавад), мутаносибан ҳаҷми маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ низ тағйир меёбад (нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар буҷет бо назардошти сатҳи таварруми пешбинишуда барои ҳамон сол муқаррар мешавад).

Ғайр аз ин, теъдоди интихобкунандагон дар интихоботи навбатӣ ҳатман зиёд мешавад, зеро тайи даҳсолаи ахир афзоиши солонаи аҳолии кишвар ба ҳисоби миёна ҳудуди 2,4%-ро ташкил медиҳад, ки баландтарин дар фазои пасошӯравӣ аст.

Дар ҳолати аввал давлат ба сифати ташкилкунандаи интихобот ба ҳамаи номзадҳои бақайдгирифташуда дар давраи маъракаи интихоботӣ кумаки молиявӣ мерасонад.

Муҳим он аст, ки байни дастгирии молиявии якдафъаинаи ҳизбҳои сиёсӣ аз буҷет ва номзадҳо ба вакилӣ дар давраи баргузории интихоботи парлумонӣ бо тағйироти пешниҳодшудаи маблағгузорӣ бояд фарқ гузошт.

Пеш аз инихоботи соли 2020 ҳизбҳои сиёсӣ барои дастгирии номзадҳои худ пеш аз интихобот ҳар кадоме 50 ҳазор сомонӣ ва номзадҳои дар ҳавзаҳои якмандатӣ сабтшуда - 5 ҳазор сомонӣ гирифта буданд.

Маблағи мазкур маъмулан дар ҳар як интихоботи минбаъда зиёд мешавад. Ба ин тариқ, пеш аз интихоботи соли 2015 ҳаҷми чунин дастгирӣ аз буҷет мутаносибан 25 ҳазор ва 3 ҳазор сомониро ташкил дода буданд.

Дар тағйироти ҳозира ба қонун ба таври истисноӣ маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ пешниҳод мегардад ва пулро онҳо танҳо аз рӯи натиҷаҳои интихобот, яъне барои пешбурди фаъолияти минбаъдаи худ мегиранд.

Сарчашмаҳои асосии маблағгузорӣ

Дар қонун ба маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз чунин сарчашмаҳо иҷоза шудааст:

— ҳаққи дохилшавӣ ва ҳаққи узвият, агар онҳоро оинномаи ҳизб пешбинӣ карда бошад;

— хайрияҳои ихтиёрӣ;

— даромад аз гузаронидани лексияҳо, намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳо (мувофиқи оинномаҳо);

— даромад аз фаъолияти ноширӣ ва дигар фаъолияте, ки ба мақсад ва вазифаҳои оинномавӣ мувофиқ аст;

— дигар воридоте, ки қонунҳо манъ накардаанд.

Ғайр аз ин, ҳизби сиёсӣ  ҳуқуқ, дорад дар шакли амвол ва маблағ аз шахсони воқеӣ, корхона ва ташкилотҳо, идтиҳодияҳои  ҷамъиятӣ, бунёдҳо ва дигар ашхоси ҳуқуқии ғайридавлатӣ кумаки моддӣ қабул намояд, агар  ин кумаки моддӣ бо ҳуҷҷат тасдиқ ва манбаи он нишон додашуда бошад.

Интихоботи парлумонии соли 2015
Сурат: Asia-Plus

Ба кумак аз ташкилотҳои хайрия ва динӣ, корхонаю ташкилотҳои давлатӣ, инчунин корхонаю ташкилотҳое, ки дар онҳо давлат саҳм дорад, давлат, шаҳрвандон, корхонаҳо ва ташкилотҳои хориҷӣ, инчунин корхонаҳое, ки дар онҳо кишварҳои хориҷӣ саҳм дорад, шахсони беном, ташкилотҳои тиҷоратие, ки камтар аз як сол фаъолияти молиявӣ доранд, ҳизбҳои сиёсие, ки бо ҳизби ёрии молиявӣ расондашаванда муттаҳид нестанд, иҷоза дода намешавад.

Маблағи умумии кумаки моддии ҳарсолаи як шахси воқеӣ ба ҳизбҳои сиёсӣ аз 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва як шахси ҳуқуқӣ аз 1500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд буда наметавонад.

Сарбории иловагӣ

Маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ бешубҳа сарбории иловагӣ ба буҷети дар ҳоли каср қарордоштаи кишвар хоҳад буд.

Даромади умумии буҷети давлатӣ барои соли 2024 дар ҳаҷми зиёда аз 42,9 млрд сомонӣ ва хароҷот - зиёда аз 44,1 млрд сомонӣ муқаррар шудааст. Мутаносибан касри буҷет ҳудуди 1,2 млрд сомониро ташкил медиҳад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки созмонҳои байнулмилалии молиявӣ ба пешниҳоди кумаки бебозгашт ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми ҳудуди 800 млн сомонӣ уҳдадор шуда, боз қариб 27% (зиёда аз 11,4 млрд сомонӣ)-и даромад аз ҳисоби грант ва қарзҳои лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ба нақша гирифта шудааст.

Сарчашмаи асосии маблағгузорӣ ба буҷети давлатии кишвар андозсупорандагон боқӣ мемонанд, ки дар соли ҷорӣ 61%-и даромад (зиёда аз 26,3 млрд сомонӣ) аз ҳисоби онҳо дар назар аст. Ҳарчанд тибқи маълумоти пешакии Вазорати молия, дар зарфи 2 моҳи аввали сол ҳиссаи воридот ба буҷет аз андоз қариб 70%-ро ташкил додааст.

Ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ дар чунин шароит чандин бор тавсия доданд, ки маблағгузорӣ аз буҷет ҳатто ба лоиҳаи НБО “Роғун” кам карда шавад ва тавсия доданд, ки дар навбати аввал ба эҳтиёҷоти иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳ зоҳир шавад. Ҳудуди 7%-и хароҷоти буҷет ба идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” равона мешавад.

Мутахассисони маҳаллӣ бо назардошти муҳимияти неругоҳи мазкур ба иқтисоди кишвар, маблағгузории муътадил ба онро мувофиқи мақсад медонанд. Дар ҳамин ҳол, тавсия медиҳанд аз хароҷоти иловагии дуюмдаарҷа қотеъона даст кашида шавад, ҳадди ақалл то анҷоми сохтмони ин иншоот.

Минбаъд чӣ хел мешавад?

Тағйироти пешниҳодшуда дар қонун дар доираҳои муайяни ҷомеа вокунишҳои комилан мухолифро ба бор овард.

Аъзо ва ҷонибдорони ҳизбҳои сиёсӣ зарурати дастгирии буҷетиро бо вазъи мураккаби молиявии ин иттиҳодияҳо шарҳ медиҳанд, ки бо ин сабаб онҳо "барномаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худро амалӣ карда наметавонанд". Онҳо бар ин назаранд, ки ҳаҷми кӯмаки пешниҳодшуда барои буҷет "чандон назаррас" нест ва он танҳо дар панҷ сол як маротиба дода мешавад.

Мухолифони хароҷоти зиёдатии маблағҳои буҷетӣ, хусусан дар шароити вазъияти мураккаби иҷтимоии аҳолии кишвар, даъват мекунанд, ки аз ҳама гуна хароҷоти дуюмдараҷа, ки ба он маблағгузории иттиҳодияҳои гуногун, аз ҷумла сиёсӣ дохил мешаванд, даст кашида шавад.

Маблағ ва давраи чунин маблағгузорӣ, ба ақидаи онҳо, дар аввал аҳаммияти зиёд надорад, аммо муҳимтар - дастрасӣ ба пули мардум аст ва сипас аён мегардад, ки минбаъд чӣ мешавад.

Вакили палатаи пооёнии парлумон, раис Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров зимни қабули тағйирот изҳор дошт, ки ӯ ҳанӯз соли 2003 маблағгузории ҳизбҳоро аз буҷет пешниҳод карда буд, лекин он замон намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (бо қарори Суди олӣ фаъолияташ аз моҳи сентябри соли 2015 манъ аст) муқобил баромаданд.

Вакили мардумӣ зикр кард, ки “имрӯз дар 43 кишвари ҷаҳон ҳизбҳои сиёсӣ аз буҷети мутамарказ маблағгузорӣ мешаванд”.

Лекин вакил саҳеҳ шарҳ надод, ки ин 43 кишвар ба давлатҳои бештар рушдёфта мансуб буда, натанҳо барои таъмини некӯаҳволии аҳолии худ, маблағгузорӣ ба ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияҳо имкон доранд, балки ба кишварҳое камбизоате чун Тоҷикистон кумак мекунанд.

Ба сурати умум дар ҷаҳон 197 давлати соҳибисқлол вуҷуд доранд. Тоҷикистон аз рӯи андозаи маош ҳатто дар фазои пасошӯравии дар ҳоли рушд қарордошта зинаи охирро ишғол мекунад.

“Беҳбуди нуфузи кишвар дар сатҳи байнулмилалӣ”, ки дар борааш вазири адлия сухан мегӯяд, дар навбати аввал тариқи беҳбуди вазъи иҷтимоиву иқтисодии аҳолӣ, риояи ҳуқуқи инсон, волоияти қонун, мизони пасти коррупсия ба даст оварда мешавад, на ба воситаи маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ. Гузашта аз ин, дар бораи мавҷудияти ин иттиҳодияҳо дар кишвар ба ҷуз худи аъзои онҳо, дигар кам касон медонанд.

карикатура аз сомонаи politinform.su

Ҳамчунин ҷонибдорони маблағгузории ҳизбҳо аз буҷет иддаъо мекунанд, ки чунин кумак “ба рақобати сиёсӣ дар кишвар тақвият мебахшад”. Дар асл бошад, чунин дастгирӣ монополияи бе ин ҳам бартариятдоштаи ҳизби ҳокимро мустаҳкамтар мекунад.

Тавре ки дар боло зикр шуд, аз нисф зиёди маблағ ба ҳизби ҳоким мерасад, пули боқимонда байни дигарҳо тақсим мешавад.

Ғайр аз ин, чунин ақида роиҷ аст, ки ҳукумат бо кумак аз ҳисоби мардум “ҳизбҳои кисагӣ”-ро боз ҳам бештар “мехӯронад”.

Илова бар ин, мухолифони тағйирот муътақиданд, ки чунин масъалаҳо бояд бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ҳал шаванд. Дар кишварҳои мутараққӣ, ки Абдуҳалим Ғаффоров аз таҷрибаи онҳо мисол овард, чунин амал карданд.

Ба гуфти нозирон, вакилон дар ҳалли масъалаи мазкур ҳуқуқи маънавӣ надоранд, зеро аз 63 вакили мардумӣ танҳо 5 нафарашон ғайриҳизбианд. Дар ҳамин ҳол, 66,666% (42 нафар)-и вакилон ба фраксияи ҳизби ҳоким мансубанд.

Пас маълум мешавад, ки бо истифода аз ваколатҳои худ ҳизбҳо оҳиста пулро аз кисаи мо ба кисаи худ гузоштанд?

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.