Шурӯъ аз соли 2015 то нимаи аввали соли равон Тоҷикистон қарзҳояш ба Эрону Ӯзбекистон ва Қазоқистонро пурра пардохт намуд.

Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати молияи Тоҷикистон хабар дода, вале дар бораи ҳаҷми мушаххаси қарз ба ин давлатҳо маълумот дода намешавад.

Айни замон ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон 2 млрд. 303,4 млн. долларро ташкил медиҳад.

Қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон бар асоси дуҷониба айни замон Чин мебошад, ки ба аввали моҳи июли соли равон ҳаҷми он беш аз 1 млрд. 217,6 млн. долларро ташкил медиҳад. Қарзи Тоҷикистон назди Фондуи Саудӣ ба 44,9 млн., Фонди Кувайт - 38,7 млн. ва ҳукумати Фаронса - 24 млн. доллар баробар аст.

Ҳаҷми қарзи кишвар бар асоси дуҷониба дар ин давра 1 млрд. 380,5 млн. долларро ташкил медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, бар асоси бисёрҷониба қарздиҳандагони бузурги Тоҷикистон ниҳодҳои молии байнулмилалӣ буда, ба аввали моҳи июли соли ҷорӣ Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ - 299,9 млн., Бонки осиёгии рушд - 227,5 млн., Бонки исломии рушд - 111,9 млн. ва Хазинаи байнулмилалии асъор - 101,1 млн. доллар қарздор аст.