Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ба аввали моҳи октябр аз 2,8 млрд. доллар зиёд шуд. Нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми он 2,3 млрд. долларро ташкил дода буд.

Тибқи маълумоти пешакии Вазорати молияи ҶТ, маблағи умумии қарзи берунаи Тоҷикистон ба санаи 1 октябри соли 2017 беш аз 2 млрд. 803 млн. долларро ташкил медиҳад, хабар медиҳад Агентии омори назди Президенти ҶТ.

Гуфта мешавад, дар сохтори қарзи берунаи ҷумҳурӣ беш аз 2,1 млрд. доллар ба қарзи бевоситаи давлатӣ рост меояд, ки иҷрои хизматрасониҳои ҳукумати кишварро таъмин мекунад.

Ҳаҷми қарзҳо бо кафолати давлатӣ дар сохтори қарзи беруна 31,7млн. долларро ташкил медиҳад. Қарзҳои корхонаҳои давлатие, ки кафолати ҳукуматро надоранд, ба 31,5 млн. доллар баробар аст.

Қарзи Бонки миллии Тоҷикистон 112 млн. долларро ташкил медиҳад, аз ҷумла 99,6 млн. доллар - ба Хазинаи байнулмилалии асъор, 8 млн. доллар - ба Чин ва боз 4,4 млн. доллар - ба Бонки исломии рушд.

Ёдрас мекунем, ки ҳукумати Тоҷикистон муддати се соли наздик ният дорад, ки аз хориҷи кишвар ҳудуди 850 млн. доллар қарз дастрас кунад. Ин ният дар Барномаи қарзҳои давлатии хориҷии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2018-2020 дарҷ ёфтааст, ки рӯзи 15 ноябр аз ҷониби палатаи поёнии парлумон тасдиқ шуд.

Ҳаҷми ҷалби қарзҳои хориҷӣ дар соли 2018 ба маблаги 196,5 млн. доллар, соли 2019 - 295,9 млн. доллар ва соли 2020 - 354,7 млн. доллар пешбинӣ шудааст.

Мувофиқи маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, ба санаи 1 июли соли 2017 ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,3 млрд. долларро ташкил дода буд, ки ба 35,8 фоии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар баробар аст.

Қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон айни замон Чин (Бонки содиротиву воридотии Чин) мебошад, ки беш аз нисфи қарз аз ҳаҷми умумӣ ба он рост омада, ҳаҷми он наздики 1,2 млрд. долларро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёгии рушд, Бонки исломии рушд ва Хазинаи байнулмилалии асъор низ ба маблағҳои нисбатан зиёд қарздор аст.