Бо сабаби технологияҳои кӯҳнашуда, ки ба таҷдид ниёз доранд, Тоҷикистон аз фурӯши алюминии авалия даромадҳои муайянеро аз даст медиҳад.

«Соли 2012 ҳиссаи алюминии аввалияи хушсифати тамғаи А7 дар ҳаҷми умумии истеҳсолот наздики 70 фоизро ташкил медод. Имрӯз дар мо чунин тамғаи алюминий истеҳсол намешавад, ки сабабаш кӯҳнаву фарсуда шудани технология дар корхона мебошад», - гуфт зимни нишасти хабарии имрӯза дар Душанбе муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода.

Муовини вазир қайд кард, ки биржаҳои ҷаҳонӣ нархро маҳз ба алюминии баландсифат муайян карда, ба тамғаҳои боқимонда дар ҳаҷми 200-300 доллар барои 1 тонна камшавии нарх (тахфиф) сурат мегирад ва дар навбати аввал дар саросари ҷаҳон ба алюминии баландсифат талабот вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи ӯ, моҳи августи соли 2016 бо қарори ҳукумат дастур дода шуд, ки таҷҳизоту технологияҳои Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) мавриди таҷдиду навсозӣ қарор гирад, ки айни замон ин дастур мавриди амалишавӣ қарор дорад.

Гулрӯ Ҷабборзода ҳамчунин қайд кард, ки тӯли 6 соли охир дар ҷумҳурӣ тамоили коҳиши истеҳсоли алюминии аввалия идома дошта, соли 2017 ҳаҷми истеҳсол 103 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки дар муқоиса бо соли 2016 26 ҳазор тонна ва нисбат ба соли 2012 ба миқдори 175 ҳазор (!) тонна камтар аст.

Зимнан таъкид шуд, ки сабабҳои зиёде мавҷуданд, ки ба коҳиши истеҳсоли ин навъи металл боис гардиданд, аз ҷумла камшавии шумори ваннаҳои (зарфҳои) электролизӣ, саривақт ворид нашудани кокси нафтӣ ва ғайра.

Бино ба маълумоти Хадамоти гумрук, соли гузашта Тоҷикистон ба маблағи беш аз 203 млн. доллар наздики 103 ҳазор тонна алюминий ба хориҷи кишвар содирот намуд. Соли 2017 нархи 1 тонна алюминий дар бозори ҷаҳонӣ ба ҳисоби миёна 1 ҳазору 970 доллари ИМА-ро ташкил дод.

Соли пешин аз Тоҷикистон бо нархи миёнаи 1 ҳазору 590 доллар барои 1 тонна қариб 132 ҳазор тонна алюминий ва маснӯот аз он содирот шуда, мутаносибан даромад аз фурӯши он ба ҳудуди 210 млн. доллар расида буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.