Сокини ноҳияи Шаҳринав Ғанӣ Абдусатторов барои робита доштан бо созмони террористии “Давлати исломӣ” ба 14 соли зиндон маҳкум шуд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, ӯ аз ҷониби хадамоти махсуси Украина ба ҳабс гирифта шуда, моҳи феврали соли 2017 ба Тоҷикистон истирдод шудааст.

Гуфта мешавад, номбурда ҳадафҳои нопоки ташкилоти террористии «Давлати исломӣ»-ро дастгирӣ ва бо дигар аъзоёни ин ташкилот робитаи мустаҳкам барқарор намуда, бо ин мақсад барои ҷалби дигар шаҳрвандони дохилӣ ва хориҷӣ ба сафи ин ташкилот кӯшиш ва мусоидат намудааст.