Шодӣ Шабдолов, собиқ раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон (ҲКТ) гуфтааст, дигар ҳеч гоҳ ба раҳбарии ин ҳизб барнамегардад, зеро мехоҳад аз хушомадгӯию дурӯягӣ канор бошад.

Шабдолов чанде пеш дар суҳбат бо “Озодагон” аз афзоиши чоплусӣ ва нақзи оинномаи ҲКТ интиқод карда, афзудааст, ки то охири умр узви ҳизб боқӣ мемонад, аммо ба Кумитаи марказии он барнамегардад:

“Ман дигар нахостам бо он рафиқҳое, ки рӯирост ба ҳизб ва платформа ва мавқеъгиии ҳизб хиёнат карданд, ҳамнишин бошам. Аз ин рӯ дар охирин анҷуман бо нишони эътироз гуфтам, ки дигар ин ҷо истода наметавонам. Дар ҳизб дурӯяҳо зиёданд ва ман дар ақидаам устувор буда, дигар барнамегардам”, - иброз доштааст ӯ.

Ба гуфтаи Шабдолов роҳбарияти ҲКТ аз мавқеи марксистӣ сарфи назар кардааст, вале бо хушомадгӯӣ ва тамаллуқ обрӯй нахоҳад ёфт.

Ӯ илова кардааст, тарафдори он аст, ки дар ҳизб ҷавонҳои донишманд зиёд бошад: “Раҳбарияти ҳизброо танҳо анҷуман интихоб мекунад. Барои раиси ҳизб бояд сиёсатшиносу таърихдон буд. Худи Азимҷон Насимов, барои ҷавон кардани ҳайат гап мезанад, вале синну соли худаш аз 80 боло рафтааст”.

Ёдрас мекунем, ки иҷрокунандаи вазифаи раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) Мирзоазим Насимов пештар изҳор дошта буд, ки эҳтимоли ба роҳбарии ҳизб баргаштани сиёсатмадори маъруфи тоҷик Шодӣ Шабдолов ба сифр баробар аст.

Қобили зикр аст, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон соли 1924 таъсис ёфта, раиси Кумитаи марказии он дар амал роҳбари аввали ҷумҳурӣ маҳсуб меёфт. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли 1991 то соли 2016 сиёсатмадори маъруфи тоҷик Шодӣ Шабдолов раиси ивазнашавандаи он буда, аввали моҳи июли соли гузашта муддати солҳои тӯлонӣ муовини аввали ӯ Исмоил Талбаков раиси ҲКТ интихоб шуд.

Исмоил Талбаков 17 декабри соли 2016 дар синни 61-солагӣ бемаҳал аз олам даргузашт. Талбаков 2 июли соли 2016 пешвои нави коммунистон интихоб шуда, дар ин мансаб Шодӣ Шабдолови 73-соларо иваз кард, ки тӯли 25-соли ахир сарварии ин ҳизбро бар дӯш дошт.