Дар Душанбе вохӯрии серӯзаи гурӯҳҳои кории ҳайати ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба масъалаи таъйин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатии кишварҳо ба итмом расид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар доираи вохӯри масъалаҳои дахлдор вобаста ба гузариши хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар минтақаҳои боқимондаи он муҳокима гардида, дар анҷоми вохӯрӣ Протокол ба имзо расид.

Ҳайати Тоҷикистонро муовини вазири корҳои хориҷӣ Маҳмадшариф Ҳақдод ва ҳайати Ӯзбекистонро сафир оид ба супоришҳои махсус Илҳом Неъматов сарварӣ карданд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои як манбаи «Азия-Плюс» дар доираҳои ҳукуматӣ, ба Тоҷикистону Ӯзбекистон то охири соли равон ҳаллу фасл кардани масоили марбут ба қитъаҳои баҳсноки сарҳади ҳарду кишвар ва имзои созишномаи байнидавлатии дахлдор муяссар нахоҳад шуд.

Хати асосии марзи давлатӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон аллакай мувофиқа ва бо Шартнома аз соли 2002 миёни кишварҳо дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон тасдиқ шуда, парлумонҳои ҳарду ҷониб низ онро маъқул шуморидаанд.

Айни замон хати гузариши марз танҳо дар ҳудуди 60 километри сарҳади давлатӣ миёни ҷонибҳо то ҳол мувофиқа нашудааст.

Масофаи умумии марз миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 1332,9 километрро ташкил медиҳад, ки тӯли сарҳади заминӣ - 1227,98 километр ва обӣ (дарёӣ) - 105 километр аст.