Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раисҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар бӯстонсарои беруназшаҳрии “Пугус” бо иштироки ҳайатҳои расмии кишварҳо дидору гуфтушунид намуда, дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, боздиди навбатии Раисҷумҳури Афғонистон ба Тоҷикистон  қадами устувору боварибахш дар роҳи густариш ва тақвияти равобити нек ва дӯстии таърихии мардумони Тоҷикистону Афғонистон арзёбӣ гардид.

Таъкид шуд, ки тамосҳои мунтазами сиёсии ду давлат, аз ҷумла дар сатҳи олӣ  дар давоми 25-соли барқарории робитаҳои дипломатӣ хислати мунтазамро касб намуда, пур аз дастовардҳои воқеан таърихӣ мебошанд.

Ҳамдастию ҳамгироии байнидавлатӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи таърихии КАСА-1000 намунаи барҷастаи робитаҳои сатҳи олӣ номида шуд ва иштироки бевоситаи роҳбарияти Афғонистон дар кори нишасти имрӯза боз як далели пуштибонии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Афғонистон аз ин лоиҳаи муҳими минтақавӣ маънидод гардид.

Дар мулоқот, ки дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии комил баргузор гашт масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистон ва Афғонистон, дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузории мустақим, инфрасохтори энергетикӣ, роҳҳои нақлиёт ва оҳан, инчунин истифодаи имкониятҳои муштараку минтақавии транзитӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин барои ҳамдастии минбаъда дар роҳи таъмини амнияту суботи сартосарӣ дар Афғонистон, мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ, терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва таҳкими сарҳади байнидавлатӣ табодули афкор намуданд.

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба Эмомалӣ Раҳмон барои талошҳои пайваста дар роҳи ба эътидол овардани вазъи сиёсию низомии Афғонистон, дастгирии ин кишвар дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон арзи сипосу миннатдорӣ карда, таъкид дошт, ки ҷониби Афғонистон дар ҷавоб ба ин таваҷҷуҳ ва дастгириҳои ҷониби Тоҷикистон пайваста талош хоҳад кард, ки сатҳу сифати ҳамкориҳои байнидавлатӣ ба таври доимӣ ҷавобгу ба манфиатҳои миллии ҳарду давлат бошад.