Сарони кишварҳои Тоҷикистону бо ирсоли паёмҳои табрики ҷудогона фаро расидани иди саиди Қурбонро ба ҳамтоёни худ ва мардуми Эрон табрик гуфтанд.  Қобили зикр аст, ки тайи ду соли ахир муносибатҳои Тоҷикистону Эрон ба сардӣ гароиданд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии сафорати Эрон дар Тоҷикистон, дар паёми табрикотии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ  изҳори умедворӣи шудааст муносиботи дӯстона ва ҳамкориҳои байни ду кишвар дар ҳамаи заминаҳо бар асоси манофеъи ду миллат дар оянда густариш  ёбад.

Дар паёми Ҳасани Рӯҳонӣ зикр мегардад, ки бо талоши ҳамаи кишварҳои ҷаҳони ислом ба терроризми байнулмилалӣ, ки кишварҳои абарқудрат ба майдон оварданд, хотима бахшида шуда, дар кишварҳои мусулмонӣ сулҳу субот ҳукмфармо мегардад.

Дар сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон дар бораи ин паёмҳо маълумот дода нашудааст.