Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоми рӯзи 23 май дар барномаи фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки дар Варзишгоҳи марказии пойтахт баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон талошҳову ташаббусҳои Ҳукумати кишвар баҳри дастгириҳои амиқи неруи созанда ва ояндаи миллатро зикр карда, таъкид дошт, ки роҳбарияти давлату ҳукумат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ пешбурди сиёсати давлат дар соҳаи ҷавононро яке аз самтҳои афзалиятнок медонад.

Сарвари давлат ҳамчунин таъкид дошт, ки маҳз бо иқдомоту дастгириҳои доимии Ҳукумати ҷумҳурӣ имрӯзҳо ҷавонони мо бо азму иродаи қавӣ илму дониш ва касбу ҳунар меомӯзанд ва ба хотири ободиву пешрафти кишвари маҳбубамон фаъолона саъю талош менамоянд.

Хадамоти матбуоти сарвари давлат қайд мекунад, ки президент аҳли ҷомеаро вазифадор намуд, ки барои дар ниҳоди ҷавонон тарбия кардани ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву худшиносӣ саҳмгузор бошанд.

«Бо қаноатмандиву ифтихор мехоҳам хотирнишон намоям, ки дар зарфи солҳои истиқлолият дар кишварамон насли ҷавони дорои тафаккури давлатӣ ва содиқ ба арзишҳои давлатдории миллӣ ба камол расид ва итминон дорам, ки ин раванд дар оянда боз ҳам густариш хоҳад ёфт, - таъкид дошт президент. - Мо бояд наврасону ҷавононро дар рӯҳияи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, қонунияту тартибот ва риояи ҳатмии талаботи қонун тарбия кунем, онҳоро аз таъсири харобиовари падидаҳои номатлуби замони муосир, аз қабили ифротгароӣ, нашъамандӣ ва умуман, ҳама гуна ҷинояткорӣ эмин нигоҳ дорем ва тарзи ҳаёти солимро дар байни онҳо ҳарчи бештар тарғибу ташвиқ намоем».
1/21

Гуфта мешавад, ҷамъомади тантанивиро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон барномаи рангини ҳунарӣ шукуҳи тозае бахшид. Барои иштирокчиёни чорабинӣ барномаи пурмуҳтавои фарогири дастовардҳои ҷавонон ва инъикоскунандаи пешравиҳои ҷумҳурӣ пешкаш карда шуд, ки хеле хотирмону дилнишин буд.