- Марзбонони тоҷик аз ҷараёни ҳодисаҳо дар вилояти Қундузи Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз буда, дучори ҳамлаи ҷангиёни «Толибон» шуд, хуб огаҳӣ дошта, ҳамаи хатти марз бо Афғонистон ҷиддӣ таҳти назорат аст», - гуфт ба «Азия-Плюс» сухангӯи Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев.

«Марзбонони тоҷик мудом дар ҳолати омодабоши ҷангӣ қарор доранд. Ҳамаи гузаргоҳҳои назоратӣ мувофиқи реҷаи маъмулӣ фаъолият доранд. Тайи 15 рӯзи ахир дар марз қонуншиканиҳо, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир низ  ба қайд гирифта нашудааст», - қайд кард Улуғхоҷаев ва  бори дигар итминон дод, ки тамоми хатти марзи давлатӣ таҳти назорати ҷиддии сарҳадбонон қарор дорад.

Сарбозони афғон дар Қундуз

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, даргирӣ миёни нерӯҳои Афғонистон ва Толибон дар шаҳри шимолии Қундуз ҷараён дошта, мақомот рӯзи 4 октябр гуфтанд, ки даргириҳо ҳанӯз ҳам дар канораҳои Қундуз ҷараён доранд ва маркази шаҳр аз ҷангиёни Толибон пок карда шудааст. Сухангӯи Вазорати умури дохилии Афғонистон Сиддиқ Сиддиқӣ гуфтааст, ки афроди мусаллаҳ дар хонаҳои мардум паноҳ бурда, пешрафтро оҳиста ва душвор кардаанд.

Афғонистон, Қундуз

Гуфта мешавад, раиси пулиси Қундуз Муҳаммад Қосим Ҷангалбоғ гуфтааст, дар ин даргириҳо "садҳо" ҷангӣ ва се узви нерӯҳои амнияти ҳукумат кушта шуданд. Ҳамлаи Толибон дар остонаи конфронси донорҳо дар Брюссел оғоз шуд, ки қарор аст дар он шарикони байналмилалии Афғонистон масъалаи кумак ба ин кишварро матраҳ кунанд.