Ҳавопаймоҳои ҳамлавари Су-25-и Русия ҷиҳати иштирок дар тамринҳои зиддитероористии дар Тоҷикистон оғозгардида аз пойгоҳи низомии Кант дар Қирғизистон ба фурудгоҳи Айнӣ ҷой иваз карданд.

Бино ба маълумоти РИА Новости бо истинод ба ёвари фармондеҳи нерӯҳои Ҳавзаи марказии ҳарбӣ полковник Ярослав Рошупкин, ҳамроҳ бо чархболҳои пойгоҳи низомии 201 авиатсияи ҳамлавар воҳиди гурӯҳҳои тактикии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистону Русия ва нерӯҳои таъиноти махсусро аз фазо дастгирӣ кардааст.

Гуфта мешавад, Рошупкин доир шумори саҳеҳи ҳавопаймоҳои дар ин амалиёт иштирокдошта маълумот надода, зикр кардааст, ки зимни ин тамринҳо амалиёти муштарак ҳангоми аз байн бурдани гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷинояткор, нобуд кардани пойгоҳ, анбор, урдугоҳ ва дигар иншооти онҳо мавриди омӯзишу дар амал санҷида мешавад. «Баъди анҷоми амалиётҳо ҳавопаймоҳо ба фурудгоҳи таъинотии худ - ба Қирғизистон бармегарданд», - иброз доштааст ӯ.