Русия пойгоҳи низомиаш дар Тоҷикистонро бо як дивизиони шабакаҳои муосири реактивии "Ураган” (системы залпового огня "Ураган”) тақвият медиҳад.

Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили «Ахбор», мақомоти Русия изҳор доштаанд, ки шумори сарбозони пойгоҳи 201 бетағйир боқӣ мемонад.

Ярослав Рошупкин, сухангӯ ва ёвари фармондеҳи ҳавзаи низомии марказии артиши Русия, ки умури пойгоҳҳои низомии он кишвар дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумлаи пойгоҳи 201-умаш дар Тоҷикистонро дар ихтиёр дорад, дар ин бора дар ҷаласаи бози додситонии низомии ин ҳавза хабар додааст. Ин ҷаласа рӯзи 14 декабр дар маркази иттилоотии хабаргузории ТАСС дар минтақаи Урал баргузор шудааст.

Ярослав Рошупкин дар ин ҷаласа гуфтааст, "имконоти ҷангии пойгоҳи 201-ум ба зудӣ бо як воҳиди нав – дивизиони системаҳои реактивии оташандози "Ураган” тақвият дода мешаванд. Дар ҳоли ҳозир интиқоли техника такмил шуда истодааст.”

Шабакаҳои реактивии "Ураган”, ки ҳанӯз соли 1975 ба шумори силоҳҳои артиши он замон Иттиҳоди Шӯравӣ шомил шуданд, тавони асобат ба ҳадафҳо дар шароити мушкили кӯҳистонро доранд ва онҳоро метавон ба осонӣ аз як минтақа ба минтақаи дигар интиқол дод.

Ин шабакаҳо дар бордони мошинҳои навъи ЗИЛ-135ЛМ ҷойгир шуда, ҳар мошин то 16 снаряд дорад. Вазни мошин бо снарядҳояш беш аз 20 тоннаро ташкил медиҳад. Ба ҳар мошин 4 нафар – як афсар ва 3 сарбоз хидмат мерасонанд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 13 декабр генерал Олег Митяев, фориғуттаҳсили Академияи нерӯҳои мусаллаҳи Русия, фармондеҳи нави пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон таъин шуд.

Қобили зикр аст, ки пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон аз иншооти бузургтарини ҳарбии кишвар дар қаламрави берун аз Русия маҳсуб меёбад. Ҷузъу томҳои пойгоҳ бо ҳайати иборат аз 7 нафар ҳазор афсарону сарбозон дар шаҳрҳои Душанбе ва Қӯрғонтеппа мустақар мебошанд. Мувофиқи созишномаи моҳи октябри соли 2012 баимзорасида, муҳлати ҳузури пойгоҳ дар Тоҷикистон то соли 2042 муқаррар шудааст.

Ҳамчунин мавриди зикр аст, ки 30 ноябри соли равон вазири мудофиаи Русия генерали артиш Сергей Шойгу дар вохӯрӣ бо вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо изҳор кард, ки соли 2017 марҳилаи калидии ҳамкории низомӣ-техникии Тоҷикистону Русия, таҳвили аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ фаро мерасад.

Дар ин робита як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дода буд, ки тамоми аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ, аз ҷумла ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва чархболҳое, ки Тоҷикистон Русия ба медиҳад, танҳо нав хоҳанд буд.