Ҳукумати Русия дар доираи Барномаи рушди СММ имрӯз ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати ҶТ ба маблағи умумии 1,6 млн. доллар 11 адад техника барои рафъи ҳолатҳои садамавӣ ва наҷотдиҳӣ тақдим кард.


Сухангӯи КҲФ ва МГ Тоҷикистон Умеда Юсуофиа ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки тақдими техникаи мазкур бо мақсади амалисозии лоиҳаи «Тақвияти имконот оид ба омодагирӣ ва вокуниш», ки моҳи августи соли 2016 миёни КҲФ ва МГ Тоҷикистон ва ҳукумати Русия ба имзо расидааст, сурат гирифт.


Зимнан зикр гардид, ки дар маросими тақдими техникаҳо раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Рустам Назарзода ва сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов иштирок кардаанд.


Лоиҳаи тақдими техника барои рафъи ҳолатҳои садамавӣ ва наҷотдиҳӣ ба Тоҷикистон то моҳи июли соли 2016 пешбинӣ шуда, аз ду таркиб -  таъсиси низоми ягона оид ба огаҳӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода барои беҳбуди ҳамоҳангсозӣ миёни сохторҳои давлатӣ дар соҳаи омодагӣ ба вокуниш ва таҳкими имконоти воҳидҳои наҷотдиҳии КҲФ иборат аст.