Дар шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск)-и вилояти Суғд бори нахуст дар замони истиқлолияти кишвар сегоникҳо - ду писару як духтар ба дунё омаданд. Ҳамсарони ҷавон онҳоро Сомону Раҳмон ва Малика ном гузоштанд.


Навбатдори таваллудхона табиб Аастасия Шарипов дар ин робита гуфт, вазъи солимии модару кӯдакон хуб буда, онҳо дар палатаи оддӣ бистарианд. Модари тифлон, сокини 22-солаи шаҳри Бӯстон Дилдора Обидова ба табибону ҳамшираҳои шафкати бемористон миннатдорӣ изҳор намуд.


«Чанде қабл раиси шаҳр Рухсора Давлатзода ба аёдати мо омада, таваллуди сегоникҳоро дар остонаи ҷашни Рӯзи байнулмилалии оило фоли нек номид ва барои тифлон аробачаҳои кӯдакона ва дигар туҳфаҳо тақдим кард», - гуфт ӯ.


Қобили зикр аст, ки дар тарабхонаи «Хушбахтӣ» ба муносибати Рӯзи байнулмилалии оила, ки имрӯз дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад, чорабинии тантанавӣ доир гардида, ба он оилаҳои беҳтарини шаҳр, ки тӯли солҳои зиёд бо ҳам зиста, фарзандони накӯ тарбият кардаанд ва бояд барои ҷавонон намунаи ибрат бошанд, даъват карда шуданд.


Дар қатори оилаҳои калонсолон, оилаҳои ҷавон низ ба чорабинӣ даъват шуда, аз ҷумла ба ҳамсарон Дилдора Обидова ва Наимҷон Қодиров, ки дар оилаи онҳо сегоникҳо ба дунё омаданд, дар вазъи тантанавӣ шаҳодатномаҳои таваллуди тилонашон супурда шуданд.