Сокинони ҷамоатҳои фаромарзии Тоҷикистону Қирғизистон бар ин назаранд, ки савдои наздимарзӣ натанҳо ба суботи вазъ ва таҳкими эътимод, балки ба ҳалли мушкилоти иқтисодии ҳар як оила низ мусоидат карда метавонад.

Вохӯрии намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорони ду ноҳияи наздимарзӣ - Бобоҷон Ғафуров (Тоҷикистон) ва Лайлак (Қирғизистон), ки рӯзи 27 май дар ҷамоати Хистеварзи Тоҷикистон доир гардид, бори дигар ин гуфтаҳоро собит намуд.

Бо пайдо шудани истеҳсолоти нав ва рушди саноат савдо такмил ва номгӯи маҳсулот зиёд мешавад. Барои бисёре аз хонаводаҳо савдо имрӯз ҳам сарчашмаи асосии даромади оила ба шумор меравад ва ҳукуматдорон дар ҳамдастӣ бо созмонҳои байнулмилалӣ ба нигаҳдорӣ ва рушди робитаҳои тиҷоратӣ ҳамаҷониба кумак мекунанд.

- Бо мусоидат ба ҳалли мушкилдот, аз ҷумла дастгирии талошҳо барои рушди савдои наздмарзӣ миёни ҷамоатҳои тоҷикону қирғизҳо, мо ба мардум барои болоравии сатҳи зиндагиашон кумак карданием, - мегӯяд мушовири лоиҳаи БРСММ «Мусоидат ба савдо» Баҳром Файзуллоев.

Меҳмононро Абдуҷалил Ортиқов, мудири шуъбаи иқтисод ва савдои ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва корманди масъули ҳукумати ноҳияи Лайлак Додоҷон Ниёзов шодбош гуфта, дар бораи вазъ ва дурнамои рушди савдои наздисарҳадӣ миёни маҳаллаҳои аҳолинишини ҳарду кишвар аз ҷониби Қирғизистон мутахассиси лоиҳаи «Ҳамкории фаромарзӣ барои ноил гардидан ба суботи устувор ва рушд» Сарвар Турдибоев ва аз ҷониби Тоҷикистон раиси Маркази дастгирии ҷамати Хистеварз Мунир Аминов маълумот доданд.