Имрӯз обуҳавошиносони ҷумҳурӣ маълумот доданд, ки рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон обуҳаво хеле гарм ва ҳарорат дар як қатор ноҳияҳо то 43 дараҷа мерасад.

Дар ин робита мо тасмим гирифтем бифаҳмем, ки оё дар қонунгузории Тоҷикистон меъёри реҷаи ҳарорат дар ҷои кор пешбинӣ шудааст?. Бо ин савол мо ба мутахассисон муроҷиат кардем.

Корфармо ба фароҳам овардани шароити мусоид уҳдадор аст

Дар шарҳи масъалаи мазкур дар шуъбаи ташхиси шароити кори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат ба “Азия-Плюс” изҳор намуданд, ки тибқи меъёрҳои ҳанӯз замони шӯравӣ дар Тоҷикистон ҷоришуда, ҳангоми ҳарорати беш аз 40 дараҷа гарм корро қатъ ё танаффуси иловагӣ додан зарур аст, масалан дар корҳои берун аз бино, дар ҳавои кушод.

Дар ҷойҳое, ки қатъи кор бинобар сабаби бетанффус будани он ғайриимкон аст, қатъи кор бо роҳандозии бастҳои бонавбат ҷорӣ шуда, ба кормандон пардохти иловагӣ муқаррар мешавад.

Агар корфармо ҳузури коргар дар ҷойи кориашро ҳангоми ҳарорати баланд маҳдуд накунад, дар ин ҳолат барои коргарон соатҳои зиёда аз вақти муқаррарӣ ҷорӣ шуда,мувофиқи қонунгузории меҳнат, кори зиёда аз вақти муқаррарӣ зиёдтар пардохт карда мешавад.


Табибон: ҳарорати муносиб 21 дараҷа

Бо назардошти шароити обуҳаво ва гармии тобистон табибон мутобиқсозии реҷаи кориро тавсия медиҳанд.

Ба гуфтаи мутахассисони Хадамоти санитариву эпидемиологӣ, ҳангоми аз меъёри муқаррарӣ поин ё баланд будани ҳарорат дар ҷойҳои корӣ, вақти ҳузур дар кор бояд маҳдуд карда шавад.

Ҳарорат дар дохили биноҳои истеҳсолӣ бояд барои корманд мусоид буда, аз коргар пӯшидани сарулибоси махсусро тақозо накунад.

Дар ҷое, ки истеҳсолот бо сардӣ ё баръакс гармӣ вобаста асту ҳарорати мусоид фароҳам овардан ғайриимкон аст, барои ба меъёри муқаррарӣ расонидани он аз ҳамаи имконот истифода мебояд кард. Масалан, барои синф дар мактабҳо ҳарорати 21-22 дараҷа муносиб шуморида мешавад.

Дар инфографикаи зерин доир ба тарзи рафтор дар обуҳавои беҳад гарм, кумак ба шахси аз гармӣ осебдида маълумот пешниҳод мегардад.