Зимни вохӯрии ректори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал Яков Силин бо ҳайати Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон дар Екатеринбург зикр гардид, ки ин муассисаи таълимӣ ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон омода аст.

«Мо метавонем созишнома ба имзо расонида, дар он қадамҳои нахустро дар ин самт муайян созем, - қайд кардааст Силин. - Донишҷӯёни шумо дар муассисаи мо бо барномаҳои бакалавриат, магистратура ва аспирантура таҳсил карда метавонанд».

Дар иттилоияи интишоршуда зикр мегардад, ки роҳбари ҳайати Тоҷикистон, ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Диловар Қодирзода дар навбати худ изҳор доштааст, ки донишҷӯёни тоҷик ба таҳсил дар мактабҳои олии Русия таваҷҷуҳ дошта, раҳбарияти донишкада низ ба оғози ҳамкориҳо дар ин самт омода аст.

Диловар Қодирзода намояндагони Донишгоҳи давлатии иқтисодии Уралро ҷиҳати иштирок дар Ҳафтаи таълими Русия даъват кард, ки Донишкада дар ҳамдастӣ бо Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ мегузаронад.

Дар маълумот қайд мешавад, ки айни замон дар ин мактаби олии иқтисодии Екатеринбург аз 32 кишвари дунё донишҷӯён таҳсил мекунанд. Донишгоҳ бо муассисаҳои таълимии хориҷӣ 109 қарордод ба имзо расонидааст.