Сайфиддин Назарзода, собиқ директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ), ки дар натиҷаи нақзи қонуни танзими анъана дар тӯйи издивоҷи писараш аз мансаб сабукдӯшу ҷарима шуд, аксҳои кормандони Агентии зиддифасодро дар сомонаи худаш нашр карда, онҳоро бо доираи сурх ҷудо кардааст.

Тавре Сайфиддин Назарзода ба «Азия-Плюс» хабар дод, ӯ дар cомона ҳамаи далелҳои ба сифати меҳмон ба тӯй омадани кормандони Агентии зиддифасод, аз ҷойе ба ҷойи дигар нишастан, паловхӯрӣ ва наворбардории онҳоро гузоштааст.

«Аз 247 нафаре, ки прокуратура дар тӯй ҳисоб кардааст, ҳамагӣ 143 нафарашон меҳмонони даъватшудаи мо, 47 кас аксҳои такроршавандаи ҳамон як одамон, 19 нафар шахсони аз ҷониби мо даъватнашуда, 13 нафар кормандони хизматрасони тарабхона, 7 нафар афроди шубҳанок ва 9 нафар кормандони Агентии зиддифасод мебошанд, ки онҳо низ паловхӯрӣ карданд, гӯё, ки меҳмони мо бошанд ва худро дар аксҳо ҳисоб кардаанд, вале ман онҳоро даъват накарда будам», - навиштааст Назарзода.

1/4

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.