Думаи давлатии Русия бастаи лоиҳаи қонунҳо дар бораи ҷорӣ шудани ҷавобгарии ҷиноӣ барои қайди қалбакии муҳоҷирон дар биноҳои ғайримаскунро (ғайриистиқоматиро) қабул кард.

Тавре нашрияи Коммерсант хабар медиҳад, ин лоиҳаи қонунҳоро моҳи октябр муовини раиси Думаи давлатӣ Ирина Яровая пешниҳод карда буд.

Гуфта мешавад, ба қонун «Дар бораи қайди муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Русия» тағйироту иловаҳо ворид мешавад. Дар лоиҳа қайд шудааст, ки қайди қалбакии шаҳрванди хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандӣ натанҳо дар биноҳои истиқоматӣ, балки дар ғайриистиқоматӣ низ сурат гирифта, барои ин шахсони ҳуқуқии муҳоҷиронро бақайдгузошта масъулияти ҷиноӣ хоҳанд дошт.

Муаллифи тағйироту иловаҳо Яровая пешниҳод кардааст, ки барои қайди қалбакӣ дар дар дафтарҳои корӣ ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то се сол мисли ҷазои феълан амалкунанда барои муҳоҷирати оммавӣ дар биноҳои истиқоматӣ ҷорӣ шавад.

Мувофиқи қонуне, ки айни замон дар Русия мавриди амал қарор дорад, барои қайди қалбакии муҳоҷирон ҷарима дар ҳаҷми аз 100 то 500 ҳазор рубл ё ҳаҷми даромади маҳкумшуда дар давраи то се сол пешбинӣ шудааст.

Моҳи май ВКД хабар дод, ки шумораи хонаҳои «резинӣ» (бо қайди хеле сершумори муҳоҷирон) тӯли 2 сол қариб 200 баробар кам шудааст. Ба иттилои вазорат, соли 2016 ҳудуди 20,5 ҳазор ҷинояти марбут ба далели қайди шаҳрвандони хориҷӣ ва беш аз 3 ҳазор ҷинояти вобаста ба далели сабти қалбакӣ ба қайд гирифта шудааст.