Дар бораи чӣ гуна ипотека гирифтани шаҳрванди хориҷӣ, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунад, мо қаблан муфассал навишта будем. Имрӯз Muhojir.news.tj дар маҷмӯъ сари масъалаи қарздиҳӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия равшанӣ меандозад.

Бисёр вақт лозим меояд, ки ба ватан барнагашта, маблағи заруриро аз бонки маҳаллӣ бигирӣ. Бо назардошти он ки яке аз талаботи бонкҳои русиягӣ доштани шиносномаи Русия аст, пас саволе ба миён меояд, ки оё хориҷӣ дар Русия қарз гирифта метавонад? Дар хотир дошта бошед, ки дар ин масъала мақоми қонунии шумо нақши бузург дошта метавонад.

Қобили зикр аст, ки ба шаҳрванди хориҷӣ гирифтани қарз дар ҳама кишвари дигар ҳамеша душвор аст, ҳатто агар шумо ҳама талаботро иҷро карда бошед, зеро бонк ҳамаи хатарҳоро ба инобат мегирад. Лекин агар шумо аллакай Ҳуҷҷати иҷозати зист (ВНЖ) дошта бошед ё гирифтани шаҳрвандиатон наздик аст, дар ин ҳолат шартҳо барои шумо сабуктар мешаванд. 

Меъёрҳои қонун

Дар қонунгузории Русия талабот барои қарзгирандагон ҷудогона зикр нашудааст. Ягона асоси рад шудани пешниҳоди воситаҳои қарзӣ дар фасли 42, моддаи 821 Кодекси шаҳрвандии ФР дарҷ ёфтааст, ки дар он гуфта мешавад, агар қарздиҳанда далелҳое дарёбад, ки қарзгир дар муҳлати муқарраршуда қарзро пардохт карда наметавонад, додани онро рад карда метавонад ва ин банд ба шаҳрвандӣ вобаста нест.

Инак, санади қонунгузорӣ қарздиҳандаро ба додани маблағи дар шартнома зикршуда уҳдадор мекунад, аммо ӯ ҳуқуқ дорад, ки манфиатҳои худ ва амонатгузорони муассисаи молиро ба инобат гирад, яъне ҳама гуна қарзи нав аз мавқеи хатарҳои имконпазир баррасӣ мешавад, ки ба мизоҷони муассиса ва худи бонк таъсиррасон аст

Ҳарчанд қонунгузорӣ ба ҳама гуна мизоҷ новобаста ба шаҳрвандӣ барои гирифтани қарз имкон диҳад ҳам, дар амал бонкҳо ба қарздиҳӣ барои хориҷиён аз эҳтиёт кор мегиранд, зеро ин хизматгузорӣ барои онҳо ҳаммаънои хавфу хатар аст. Ташвиши онҳо ба он вобаста аст, ки хориҷӣ метавонад зуд қаламрави Русияро тарк намояд ва таъсир ба ӯ тариқи маъмулӣ (тавассути суд ё судиҷрочиён) хеле душвор мебошад.

Хусусиятҳои қарздиҳӣ

Бо вуҷуди ташвишҳои зикршудаи бонкҳо, наметавон гуфт, ки гирифтани қарз ғайриимкон аст. Зимни муроҷиат ба муассисаи молиявӣ баъзе омилҳоро ба инобат мебояд гирифт: бонкҳо ба хориҷиёни расман дар Русия қайддошта, ки пардохтпазириашонро исбот карда метавонанд, қарз медиҳанд. Пешниҳоди гарав омили назарраси анҷоми муваффақонаи муомилот аст.

Доштани кафил (зомин) – шахси хусусии дорои шаҳрввандии Русия ё ширкат имкони дастрасии қарзро зиёдтар мекунад. Дар ин ҳолат ба афзоиши назарраси маблағ метавон умед баст. Бонкҳо ба муроҷиаткунандагоне, ки бо ширкатҳо шартномаи музди меҳнат доранд, афзалият медиҳанд.

Ҳамчунин аз нигоҳи коршиносон, мизоҷони дорои собиқаи зиёди истифода аз маҳсулоти ин бонк имкони бештар доранд. Бахусус ин ба интиқоли пул дахл дорад, зеро ба ин васила метавон даромади миёнаи моҳонаи мизоҷро муайян кард. Яъне ба муҳоҷир гирифтани қарз дар бонке, ки тариқи он ӯ ба хонааш пул мефиристад, қулайтар аст.

Хориҷиён бояд ба он омода бошанд, ки хатарҳои молии бонк ба меъёри баланди фоиз гузошта шуда, муҳлати қарз нисбат ба русиягиҳо хеле камтар мешавад. 

Шаклҳои қарздиҳӣ

Ба шаҳрванди хориҷӣ гирифтани қарзи истеъмолии таъминнашуда хеле душвор аст, чунки хавфи бонк баланд аст. Лекин доштани кафил, гарав ё қарзи якҷоя бо шаҳрванди ФР имкони посухи мусбат аз ҷониби муассисаи қарзиро бештар мекунад.

Агар ба шаҳрванди хориҷӣ дарёфти фурӯшгоҳи автомашинаҳо, ки бо бонк чунин муомилот анҷом медиҳад, муяссар гардад, метавонад ба гирифтани қарзи дастрасии автомашина муроҷиат намояд. Таъмини кафолати қарз автомашинаи харидамешуда хоҳад буд.

Қобили зикр аст, ки ин ҷо расмиёти суғуртакунӣ нисбат ба русиягиҳо гаронтар меафтад, вале доштани кафил зарур намешавад. Агар шаҳрванди хориҷӣ ба гирифтани пул ниёзманд шавад, дар ташкилоти қарзии хурд қарзгирӣ бешгтар имконпазир аст. Танҳо бо чунин роҳ метавон бидуни зикри мақсад қарз гирифт. 

Ипотека

 Иҷораи хона ҳам барои муҳоҷирон ва ҳам шаҳрвандони Русия хеле гарон меафтад. Аксар вақт аз пардохти ҳармоҳаи маблаги иҷора харидани он қулайтар мешавад. Ин бештар ба онҳое дахл дорад, ки нияти иқомати доимӣ дар Русия доранду шаҳрвандии ин кишварро гирифтанианд.

Зимни дастрасии ипотека бонк дар шакли иншооти харидамешуда таъмини боэътимод мегирад, яъне дар ташвиш нест, ки мизоҷ бедарак мешавад ва ҳатто бедарак шавад ҳам, қарздиҳанда бо фурӯши ин иншоот маблағи худро бармегардонад. Аз ин рӯ, агар шумо ҳамаи шартҳои бонкро иҷро кунед, гирифтани ипотека осонтар аст.

Коршиносон бар ин назаранд, ки ҳароси бехона мондан зимни ба таъхир афтодани муҳлатҳои пардохт, қарзгирандагонро ба саривақт баргардонидани қарз водор месозад. Дар ҳамин ҳол, ба инобат мебояд гирифт, ки бонк танҳо ба харидани хонае ипотека медиҳад, ки дар минтақаи кори он воқеъ бошад. Ғайр аз ин, мизоҷ бояд дар қаламрави ҳамин минақа қайд дошта бошад. 

Киҳо қарз гирифта метавонанд

Тавре дар боло зикр гардид, баъзе бонкҳо бидуни доштани шаҳрвандии Русия ба қарздиҳӣ омодаанд. Барои муайян сохтани масъалаи бо Ҳуҷҷати иҷозати зист (ВНЖ) гирифтани қарз мебояд дараҷаи шаҳрвандони хориҷии тибқи қонун муқарраршударо баррасӣ намуд.

Ҳузури муваққатӣ. Вақти дар Русия ҳузур доштани чунин муҳоҷирон бо муҳлати дар раводид зикршуда ва шаҳрвандони кишварҳои бераводид дар дигар ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ маҳдуд мешавад. Имкони гирифтани қарз дар бонк зиёд нест.

Шаҳрвандони хориҷии дорои Иҷозати зисти муваққатӣ (РВП). Онҳо ба Русия бо ҳадафи муайян омадаанд (кор, таҳсил), ба мақомот инро изҳор намудаанд. Гирифтани қарз ба ин дараҷаи шаҳрвандон каме баландтар аст.

Доштани Ҳуҷҷати иҷозати зист (ВНЖ) ба муҳоҷир ҳамон ҳуқуқҳоеро медиҳад, ки худи шаҳрваадони Русия доранд. Имкони гирифтани қарз баланд аст.

Муҳоҷирон аз кишварҳои дорои реҷаи раводид ва бераводид

Тариқи раводид ба Русия асосан сайёҳон, муҳоҷирони корӣ ё хориҷиёне меоянд, ки дӯстон, хешовандон ё шарикони кориашонро диданианд. Ин шахсон дар кишвар муваққатӣ қарор доранд, кафолати иҷрои уҳдадориҳои молиявӣ мавҷуд нест.

Зимни доштани раводиди корӣ, коршиноси қарздиҳанда дақиқан собиқаи кории қарзгирро меомӯзад, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи далели шуғл ва ҳатто корфарморо месанҷад. Аз мактуби тавсиявии ширкат, ки кормнади хориҷӣ дар он кор мекунад, истиқбол мешавад.

Дорандагони Иҷозати зисти муваққатӣ (РВП) ва Ҳуҷҷати иҷозати зист (ВНЖ)

Бонкҳо ба додани қарз ба шаҳрвандони хориҷии дорои ҳуҷҷати иҷозати зисти танҳо бар асоси ин мақом уҳдадор нестанд. Ҳамин тавр, ба русиягӣ ҳам танҳо бо шиносномаи шаҳрвандӣ қарз дода намешавад.

Зимни таҳлили муроҷиат коршиноси қарздиҳанда масъалаҳои зеринро тасдиқ мекунад: муҳлати иқомати ӯ дар қаламрави Русия; асосҳои қонунии ҳузур дар Русия, муҳлати кори расмӣ, сатҳи даромад, доштани хешовандон дар Русия ва мақоми онҳо, молики дороиҳои арзишманд (амволи ғайриманқул, автомобил) будани муроҷиаткунанда.

Бо инобати нишондиҳандаҳои зикршуда, ба шаҳрвандони дорои Ҳуҷҷати иҷозати зист бартарӣ дода мешавад. Он гувоҳӣ медиҳад, ки шаҳрванди хориҷӣ дар Русия беш аз 3 сол зиндагӣ карда, дар нақша дорад, ки шаҳрвандии ин кишварро ба даст орад.

Талабот ба қарзгир

Барои гирифтани қарз аз бонки маҳаллӣ шаҳрванди хориҷӣ бояд дар Русия қонунӣ ҳузур дошта бошад, ба таври кофӣ даромад дошта, саривақт андоз пардохт намояд. Мансаби ишғолкарда низ муҳим аст. Барои пешниҳоди ариза мизоҷи имконпазир бояд бастаи комили ҳуҷҷатҳоро ҷамъоварӣ кунад.

Муҳлати қарздиҳӣ ба давраи иҷозаи дар қаламрави Русия қарор доштани мизоҷ маҳдуд мешавад. Дар баробари ин талаботи умумиро, ки ба синнусоли мизоҷ (маъмулан 19-65-сола) вобаста аст, низ набояд фаромӯш сохт.

Чӣ гуна ҳуҷҷатҳо заруранд

Номгӯи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҳангоми пешниҳоди дархости қарз нисбат ба русиягиҳо барои хориҷиён бештаранд. Онҳо иборатанд аз:

- варақаи шартномаи пешакии хариду фурӯши хона (агар ипотека бошад);

- шиносномаи миллӣ; РМА/шаҳодатномаи нафақа ё шаҳодатномаи ронандагӣ (дар сурати мавҷуд будан);

- асос барои ҳузур дар Русия (ВНЖ, РВП, раводид ва ғайра);

- корти муҳоҷират;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ/шартномаи аз ҷониби корфармо тасдиқшуда;

- тасдиқи пардохтпазирӣ (маълумотнома, иқтибосҳои бонкӣ дар бораи даромадҳои дар Русия ва ватан гирифта);

- иҷозат барои ба кор даромадан/патент.

Баъзе бонкҳо диплом дар бораи маълумот, маълумотномаи надоштани доғи судӣ ва дигар ҳуҷҷатҳоро талаб карда метавонанд.

Агар қарзгир оиладор бошад, пешниҳоди маълумотнома дар бораи ақди никоҳ ва таваллуди фарзандон зарур аст. Ҳамаи маълумотномаҳо бояд бо забони русӣ тарҷума ва аз ҷониби мақомоти нотариалӣ тасдиқ шаванд.

Гурезагон шаҳодатномаи дахлдор ё шаҳодатнома дар бораи баррасии муроҷиат пешниҳод мекунанд.   

Барои қарз гирифтан ба куҷо мебояд муроҷиат намуд?

Дар Русия муасисаҳои моливии зиёде мавҷуданд, ки кӯшиш мекунанд аз хавфу хатарҳои вобаста ба қарздиҳӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ худро канор гиранд.

Масалан, айни замон қарз гирифтан барои шаҳрвандони хориҷӣ бо Иҷозати зисти муваққатӣ (РВП) дар Бонки амонатгузорӣ муяссар намешавад.

 Дигар бонкҳо бошанд, аз додани қарз ба шаҳрвандони хориҷӣ фоида ба даст меоранд.

Дар ин қатор аз муассисаҳои молиявии бузург, ки барои қарздиҳӣ ба хориҷиён омодаанд, метавон аз «Альфа-Банк»; АТМ; ВТБ 24; «Дельта-банк»; «Райффайзенбанк»; «Росбанк»; «Ситибанк»; «Сосьете Женераль Восток»; «ЮниКредит Банк» ном бурд.

Барои баъзе бонкҳои «ҷавон» ин хизматгузорӣ имкони рушд маҳсуб меёбад. Барои дарёфти маҳсулоти муносиби қарзӣ дар бонки русиягӣ, шуморо лозим аст, ки шартҳои ҳар як муассисаи қардиҳиро дақиқан мавриди омӯзиш қарор диҳед.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.