Департаменти давлатии Амрико дар "Гузориши байналмилалӣ оид ба озодии дин дар соли 2017" Тоҷикистонро ба қатори "кишварҳои мавриди нигаронии хос" шомил кардааст.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин ниҳод гуфтааст, соли 2017 мақомот дар Тоҷикистон беш аз 220 нафарро бо иттиҳоми марбут ба экстремизм боздошт карданд, ки аксари онҳо ба пайравӣ аз ақидаҳои созмонҳои мамнӯи “Салафия” ва “Давлати исломӣ” гумонбар мешаванд.

Гуфта мешавад, 13 нафаре, ки дар шаш моҳи аввали соли 2017 бо ихтиёри худ аз қаламравҳои зери назари ДИИШ баргаштаанд, мувофиқи қонунҳои Тоҷикистон аз ҷавобгарӣ озод шудаанд.

Гузориш бо такя ба созмонҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон навиштааст, бо баҳонаҳои фаннӣ ваё маъмурӣ мақомот сабтиноми созмонҳои мазҳабиро рад мекунанд. Созмони “Шоҳидони Яҳво” бо ҷурми фаъолиятҳои тундгароёна мамнӯъ боқӣ монда, ягонаи канисаи яҳудиҳо то ҳол сабтином нашудааст.

Масҷидҳои пайравони ҳанафия муваззафанд, ки бо дастури Шӯрои уламо амал кунанд. Муаллифон мегӯянд, фаъолони ҳуқуқи башар бори дигар гуфтанд, ки мақомот дар фикри "ҷорӣ кардани назорати комил аз болои фаъолияти мусалмонон" дар ин кишвар мебошанд.

Гузориши Вазорати умури хориҷии Амрико мегӯяд, ки мақомоти ҳукуматӣ чораҳои пешгирӣ аз пайвастани шаҳрвандон ба ончи онҳо ҳамчун “созмонҳои экстремистӣ” арзёбӣ мекунанд, идома медиҳанд.

Кумитаи умури дини Тоҷикистон дар шаҳри мафҳуми экстремизм гуфтааст, "ин мафҳум ба маънои таблиғи сарнагун кардани ҳукумат ваё эҷоди хушунатҳои мазҳабӣ" фаҳмида мешавад.

Соли 2017 дар Тоҷикистон тақрибан 2 ҳазор масҷид ба муассисаҳои ҷамъиятӣ табдил дода шуданд ва танҳо 3900 муассиса ба ҳайси масҷид ваё муассисаи расмӣ сабтином шудаанд.

Моҳи августи соли 2017 Кумитаи кор бо занон ва оила гуфт, дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе рейди фаҳмондадиҳӣ бо занҳоро анҷом дода, аз миёни 8 ҳазор бонувон тавонистааст, 90 дарсади онҳоро ба тарки либоси мазҳабӣ водор кунад.