Бори нахуст дар Тоҷикистон дар чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ шоуи дронҳо (дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин)-ро намоиш доданд. Ҳангоми чорабинии ҷашнӣ дар маҷмааи “Наврӯзгоҳ” аз 500 дрон истифода шуд, ки дар фазои шабонаи пойтахт 9 тасвирро намоиш доданд.
Тариқи дронҳо рамзҳои Тоҷикистон тасвир ёфтанд: харитаи кишвар, нишони миллӣ, тоҷ бо нимдоира аз иборат аз 7 ситора, чанбар - рамзи муҳаббат бо рангҳои парчами миллӣ, пояи “Истиқлолият ва озодӣ”, инчунин навиштаи “Истиқлолият муборак бод!” бо имзои президент Эмомалӣ Раҳмон.
Ин чорабиниро шаҳрдории Душанбе дар ҳамдастӣ бо як ширкати Чин созмон дод.
“Имрӯз соати 19:00 дар майдони назди Нишони миллӣ консерти идона ва шоуи 12-дақиқаинаи дронҳо баргузор мешавад, ки зиёда аз 13 тасвирҳои навро намоиш медиҳанд”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдорӣ.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.